Поп Франсис, раҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас наҷот ёфта буд, рӯзи 21-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.
Ин зодаи Аргентина калисои католикиро аз соли 2013 ва пас аз истеъфои Бенедикти шонздаҳум роҳбарӣ мекард ва бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши мудоро машҳур буд.
Номи аслияш Хорхе Марио Берголио аст ва пеш ворид шудан ба калисо дар донишгоҳи кимиё хондааст. Ӯ дар соли 1969 ба мақоми кашишӣ ва дар соли 1997 ба мақоми усқуфи аъзами Буэнос Айрес расид.
Поп Франсис аз пешиниёни худ калисоеро ба мерос гирифт, ки пур аз чолишҳо ва буҳронҳои давомдор ва аз суистифодаҳои ҷинсии рӯҳониёни масеҳӣ аз кӯдакон мутаассир буд. Муаррихони калисои католикӣ интихоби ӯро лаҳзае муҳим дар таърихи Ватикан арзёбӣ мекунанд.
Ӯ аз оғози раҳбарии худ бар калисои католикӣ бо рафторҳои фурӯтанонаи худ хабарсоз шуд. Ба ҷойи зиндагӣ дар кохи муҷаллал, ки ба таври суннатӣ маҳалли иқомати расмии попҳои католик аст, дар хонаи хурде дар меҳмонхонаи Ватикан мезист. Борҳо дар маросими “Панҷшанбеи муқаддас” бо шустани пойи занон, мусалмонон ва зиндониён талош кард, паёми худро дар бораи калисои “камбизоатон ва барои камбизоатон” баён кунад.