Покистон ният дорад ба Тоҷикистон 40 ҳазор тонна шакар содир кунад

Шӯрои машваратии содироти шакар дар Покистон ба ҳукумати ин кишвар тавсия додааст, ки барои содироти 40 ҳазор тонна шакар ба Тоҷикистон иҷозат диҳад. Тасмими ниҳоӣ дар ин бора аз сӯи Вазорати саноат ва истеҳсолоти Покистон гирифта мешавад.

Муҳлати содироти шакар ба Тоҷикистон аз 45 то 60 рӯз таин шудааст. Нархи ин маҳсулот феълан маълум нест.

Бо мақсади таъминоти бозори дохилӣ содироти шакар аз Покистон танҳо бо иҷозаи ҳукумати ин кишвар анҷом мешавад.

Талаботи асосии бозори Тоҷикистон бо шакар аз хориҷи кишвар таъмин мешавад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар семоҳаи аввали соли 2024 ба Тоҷикистон зиёда аз 50 ҳазор тонна шакар ворид шудааст.