Пизишкиён гуфт, омодаи гуфтугӯянд, аммо "забони зӯр"-ро намепазиранд

Масъуд Пизишкиён дар Маҷмаи умумии Созмони Милал. Ню-Йорк, 23-юми сентябри 2026

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ “террорист нест”, аз фанноварии сулҳомези ҳастаӣ даст намекашад ва ҳушдорҳои президент Доналд Трампро баёнгари “хӯйи зӯргӯӣ”-и Амрико донист.

Вай ин изҳоротро рӯзи 23-юми сентябр дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баён кард.

Пизишкиён мустақим ба суханони як рӯз пеши раисҷумҳури Амрико вокуниш нишон дод, ки таъкид карда буд Вашингтон иҷоза намедиҳад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва Теҳронро дар сурати талош барои эҳёи таъсисоти ҳастаии худ ба ҳамлаи дубора таҳдид кард.

Раисҷумҳури Эрон гуфт, ҳукуматаш омодаи гуфтугӯст, аммо “забони зӯр”-ро намепазирад. Ӯ афзуд, Ҷумҳурии Исломӣ ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест, вале инҳисори дониши ҳастаиро дар дасти чанд кишвар намепазирад ва ва ҳам қабул надорад, ки аз дониши ҳастаӣ маҳрум бошад.

Парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ солҳо боз ба мавзӯи низоъ миёни Ғарб ва Эрон табдил шудааст. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, борҳо дар моҳҳои пас аз ҷанг гуфтааст, пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ сабаби асосии вуруди ӯ ба ҷанг бо ҳукумати Теҳрон буд. Дар муқобил, мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора мегӯянд, ки дар пайи силоҳи ҳастаӣ нестанд.

Пизишкиён суханони худро дар Маҷмаи умумии Созмони Милал бо вокуниш ба гуфтаҳои пешини Доналд Трамп, ки Ҷумҳурии Исломиро “террорист” хонда буд, оғоз кард ва гуфт, “мо қурбонии террористем.”

Ӯ ба кушта шудани раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил дар моҳи феварли соли 2026 ва низ ҳамлаҳо ба мадрасаи Миноб ва варзишгоҳи Ломирд, ки Ҷумҳурии Исломӣ масъулияти онҳоро бар дӯши Иёлоти Муттаҳида мегузорад, ишора кард ва афзуд: “Мо аз худ дифоъ мекунем. Террорист нестем.”

Масъуд Пизишкиён Амрико ва Исроилро ба далели он чи “ҳамла ба зербунёдҳои Эрон” номид ва ҳам ба далели куштани “ғайринизомиён” накӯҳиш кард ва иддао кард, ки “мо мардумро назадем”.

Доналд Трамп рӯзи 22-юми сентябр дар суханронияш дар Маҷмаи умумии Созмони Милал режими исломиро дар Эрон танқид кард, ки соли гузашта 72 ҳазор шаҳрванди худашро нобуд кардааст. Ӯ гуфт, “тасаввур кунед, агар ин режими палид имкон меёфт пушти сипари ҳастаӣ пинҳон шуда ҳамлаҳои террористии азимро анҷом бидиҳад, чӣ мешуд.”