Аз замони эълони афв дар Тоҷикистон як пурсиши асосӣ ин аст, ки озодӣ насиби киҳо мешавад ва чӣ касоне барои сабуктар шудани гуноҳашон умедвор буда метавонанд. Қонуни афв рӯзи 16-уми июн аз сӯи порлумон тасдиқ шуд, вале то ҳол раванди озод кардани зиндониён оғоз нашудааст.
Нусратулло Воҳидов умедвор аст, ки бори охир ба писараш ба боздоштгоҳ хӯрок меорад. Ин сокини шаҳри Ваҳдат бо шунидани эълони афв интизор аст, ки писараш аз толори додгоҳ озод хоҳад шуд. Мегӯяд, писараш ба қочоқи маводи мухаддир гумонзад шудааст ва ду моҳ боз дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
"Пурсуҷӯ кардем, баъд дар интернет хабарро дидем. Пурсидем, ки оё ба писари ман ҳам дахл мекунад ё не. Гуфтанд, бояд озод шавад. Афв нисбат ба ӯ татбиқ мешудааст, аз ин хурсанд шудем", - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Қонуни афв онҳоеро, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба миқдори кам муттаҳам ҳастанд ва ё паси панҷара рафтаанд, низ фаро хоҳад гирифт.
Баъзе аз сокинони дигар ба мисли Нусратулло ҳоло бештар кунҷкоб шудаанд, ки наздиконашон кай ба озодӣ мебароянд.
Шарифгул Табарова, сокини дигари шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, "хоҳиш дорам, ки бачаи маро ҳам дар афв озод кунанд."
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эълони афв. Умеди наздикони баъзе аз зиндониён
Қонуни нави афв зиёда аз 18 ҳазор касро фаро мегирад. Аз ҷумла, 11 ҳазору 305 нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мегардад.
Мақомот мегӯянд, қонуни афв асосан нисбат ба занону ноболиғон ва занҳое, ки ҷинояти вазнин накардаанд, татбиқ хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон 507 зан нигоҳ дошта мешаванд. Қарор аст бар асоси қонуни афв, 248 нафар пурра озод ва муҳлати ҳабси боқимонда сесолӣ кам гардад. Аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо мекунанд, 99 нафар ба озодӣ мебароянд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷузъиёти қонуни афв. Кӣ озод ва ҳабси кӣ кам хоҳад шуд?Дар мин миён суоле ки ҳанӯз бепосух мондааст, ин аст, ки оё қонун нисбат ба мухолифону фаъолони зиндонии ҳукумат низ иҷро хоҳад шуд ё не. Дар гузашта бар асоси қонуни афв муҳлати зиндони теъдоде аз онҳо кам шуда буд.
Фарҳод Одинаев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Аврупо мегӯяд, на ҳама бар асоси ин тарҳ озод хоҳанд шуд.
Фарҳод Одинаев
Ба гуфтаи Одинаев, "бар асоси моддаҳои ҷиноие, ки дар ин лоиҳа ворид шудааст, ҳукми бархе кам мешавад. Аз баъзеяшон 1 сол, аз баъзе 3 сол. Баъзе аз парвандаҳои сиёсие, ки буд, ба мисли парвандаи Улфатхонум Мамадшоева ҳукмашон кам мешаванд, вале пурра озод намешаванд."
Тибқи қонунгузорӣ, татбиқи афв нисбат ба ҳар маҳкумшуда дар алоҳидагӣ ва бо назардошти парвандаи ҳамон шахс татбиқ мешавад.
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи марти соли 2025 афви тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуд. Аз он пеш, моҳи сентябри соли 2021 ва ба ифтихори 30-солагии истиқлол, ёздамҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.
Дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор нафар нигоҳ дошта мешаванд. Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.