Қодирбек Отамбоев, писари раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба чор сол зиндон маҳкум карданд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми Май дар шаҳри Бикек рӯзи 8-уми октябр ӯро ба “ғасби қудрат бо зӯр” гунаҳкор донист.
Ҳамроҳи ӯ панҷ намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон низ аз як то ҳашт сол зиндонӣ шудаанд.
Писари президенти пешини Қирғизистон дар толори додгоҳ гуфт, ҳукми онҳо талоши тарс додани мардум дар остонаи интихобот аст.
Қодирбек Отамбоев афзуд, мақомоти Қирғизистон ба зидди модар ва хоҳари ӯ ҳам парванда боз кардаанд ва онро бедодгарӣ донист.
“Онҳо сиёсатмадор не, террорист ҳастанд. Ин гаравгонгирӣ ва шантажи падари ман аст," – илова кард ӯ.
Парвандаи зидди Отамбоеви хурдӣ ва ҳамҳизбонаш моҳи ноябри соли 2025 боз шуд.
Муфаттишон гуфтанд, онҳо гуё ба намоишҳои дастҷамъии эътирозӣ омодагӣ медиданд ва барои исботи ин иттиҳом дарёфти силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ, норинҷак, воситаҳои мухобирот ва пулро далел оварданд.
Қодирбек Отамбоев писари хурдии Алмосбек Отамбоев аст. Падари ӯ соли 2019 ва баъд аз ғасби қароргоҳаш дар канори Бишкек боздошт ва аз рӯйи чанд парвандаи ҷиноӣ маҳкум гардид.
Алмосбек Отамбоевро моҳи феврали соли 2023 аз зиндон озод карданд ва ӯ ба Испания барои табобат рафт. Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишкек моҳи июни соли 2025 Отамбоевро дар ғайбаш ба 11 солу шаш моҳ зиндон ва мусодираи молу амвол маҳкум намуд. Худи ӯ ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст.