Пиряхҳои Помир калиди наҷоти пиряхҳои ҷаҳон?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мутахассисони тоҷик таҳқиқи пораи пиряхи Деҳдал дар Тоҷикободро идома медиҳанд, ки моҳи октябр аз баданаи он канда шуд ва ҳаракат мекунад. Сабаби инро гармоиши курраи Замин номиданд, вале дар гӯшаи дигари Тоҷикистон вазъ дигар аст ва олимони хориҷӣ меомӯзанд, ки чаро инҷо пиряхҳо кам об мешаванд.