Нурулло Алиев, размикори тоҷик, дар мусобиқоти UFC Fight Night, ки 25-уми июл дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, дар вазни сабук (70 кг) Майк Дэвиси амрикоиро шикаст дод. Вай бо қарори якдилонаи доварон ба рақибаш пирӯзӣ ба даст овард.
Ин размикори 26-солаи тоҷик, ки дар мусобиқоти UFC бо лақаби Tajik Eagle (“Уқоби тоҷик”) маъруф аст, дар ҳамаи 12 қувваозмоии худ дар муҳорибаҳои размии омехта (ММА), аз он ҷумла чаҳортоаш дар UFC, дастболо шуда, то ҳоло шикастнопазир мебошад.
Бояд зикр намуд, Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship - Қаҳрамонии мутлақи якҳарба) дохил шуда, бо шикаст додани Майк Дэвис як қадами дигар ба сӯи элитаи MMA-и ҷаҳонӣ гузошт.
Рақиби размикори тоҷик Майк Дэвиси 33-сола дар ММА аз 16 рақобати худ дар 12-тоаш пирӯз шуда, чаҳортоашро бохтааст. Рақобати ӯ бо Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC нуҳумин буд, ки дар панҷтоаш ғолиб омада, чаҳортоанро бохтааст.
Нурулло Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Ӯ моҳи сентябри соли 2022 дар Лас-Вегас дар ММА дар доираи мусобиқоти интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC ва AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" 25-уми феврали соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиро бо тасмими доварон шикаст дода буд.
Размикори тоҷик дар мусобиқоти UFC Fight Night 249, ки 12-уми январи соли 2025 дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА баргузор шуд, Ҷо Солекии амрикоиро бо қарори якдилонаи доварон мағлуб сохт.
Сипас ӯ дар мусобиқоти UFC Fight Night 265, ки шаби 22-юми ноябри соли гузашта дар шаҳри Давҳаи Қатар доир гардид, дар вазни нимасабук бар Шакеме Рок аз Британияи Кабир ғалаба кард.
Нурулло Алиев, ки 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион мебошад.