Аз рақси Назарбоев то лижаронии занон дар Теҳрон
Рақси Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар маросими иттиҳоди мардумӣ дар Алмаато.
Александр - як афсари маҷруҳи украинӣ ба ҳамроҳи номзадаш Елена дар маросими арӯсӣ дар бемористоне дар Киев.
Ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Белорус.
Як зани мусалмони кашмирӣ дар ҳоли ниёиш дар яке аз ибодатгоҳҳо дар бахши зери ҳиндии Кашмир.
Алмаато, Қазоқистон.
Коргарони покистонӣ ва хондани рӯзномаҳо дар Ровилпиндӣ -- шаҳре дар канори Исломобод.
Урдугоҳи паноҳандагон дар наздикии марзи Македония ва Юнон.
Муртазо Аҳмадӣ, писарбачаи афғонистонӣ бо пероҳани "Мессӣ" дар шаҳри Кветтаи Покистон. Хонаводаи ин писарбача дар пайи таҳдидҳои телефонӣ маҷбур ба фирор аз Афғонистон шуданд.
Пойпӯшҳое дар намоишгоҳи қурбониёни Ҳолокост дар шаҳри Байтулмуқаддас.
Ҷашни баҳори тоторҳо дар Қрим, Украина.
Маросими рақс бо либоси суннатии албониҳои Косова пас аз қабули дастаи футболи ин кишвар дар бозиҳои УЕФА.
Писарбачаҳо дар ҳоли оббозӣ дар Деҳлӣ.
Занони эронӣ ҳини лижаронӣ дар яке аз куҳҳои атрофи Теҳрон.