Лиза. Тифле, ки дар ҳамлаи мушакии Русия дар Украина кушта шуд. АКС

Дар ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳри Виннитсаи Украина рӯзи 14-уми июл дар қатори даҳҳо мардуми осоишта як духтари чаҳорсола кушта шуд. Елизавета (Лиза) бемории синдроми Даун дошт. Модараш, Ирина Дмитриева, то замони фоҷиа ҳар рӯз дар Инстаграм гоҳ аз мушкилӣ ва гоҳе аз пешрафтҳои ӯ менавишт. Русия пайваста мегӯяд, ҳадафҳои низомӣ ва ҳарбиёнро дар Украина нишон гирифтааст, вале кушта шудани Лиза бисёриҳоро такон дод ва иддаои Маскавро бепоя баровард.

Ин акси Ирина Дмитриева ва духтараш Елизаветаро дар аввали моҳи июли имсол дар наздикии Виннитса гирифтаанд.

Пас аз як ҳафта чанд мушаки болдори русии "Калибр" ба Виннитса, шаҳре дар ҷануби ғарби Киев, бархӯрд.

Оқибатҳои зарбаи мушакӣ ба Виннитса, 14-уми июли 2022

Дар ҳамлаи мушакӣ камаш 23 нафар, аз ҷумла Елизаветаи чаҳорсола кушта шуданд. Модараш Ирина сахт захмӣ шуд.

Ирина мегӯяд, пизишкон пеш аз таваллуд ӯ ва шарики зиндагияшро огоҳ карда буданд, ки тифлашон чӣ гуна хоҳад буд.

"Вақте фаҳмидем, ки ман ҳомила ҳастам, бениҳоят шод шудем. Дар зеҳни мо тасвири як оилаи идеалӣ эҷод шуд, вале тақдир чизи дигар мехост," – навиштааст Ирина дар Инстаграм. Ва илова кардааст, "мо маҷбур шудем, дарду ноумедӣ, таҳқир ва тарсро аз сар гузаронем."

Ирина дар яке аз блогҳояш навиштааст, "пизишкон гуфтанд, Шумо ҳанӯз ҷавонед, тифли бемор чӣ даркор?"

Ӯ ва ҳамсараш медонистанд, ки кӯдак бо мушкилоти саломатӣ таваллуд мешавад, аммо тасмим гирифтанд, ба дунё биояд. Онҳо хостанд, "ҷаҳонро ба Лиза нишон диҳанд".

Дар ҳафтмоҳагӣ дили Лизаро ҷарроҳӣ карданд. Пас аз панҷ соати интизорӣ ба волидон хабар доданд, ки ҷарроҳӣ муваффақона гузашт.

Соли 2019. Рӯзи таваллуди Лизаро ҷашн мегиранд. Ирина дар блогаш дар Инстаграм нигоштааст, ки “Ман модари ин фаришта ҳастам”.

Моҳи июни соли 2019 Ирина дар Инстаграм хабар дод, ки "Лиза худаш менишинад" ва афзудааст: "Барои баъзеҳо ин чизи хурд аст, аммо барои мо боварнакарданӣ. Лиза барои мо духтари қавӣ ва муборизу қаҳрамон аст."

"Барои ман ҳар як маҳорати нави Лиза хурсандии бузург аст ва дар паси он заҳмати зиёде нуҳуфтааст," – навиштааст Ирина.

Ирина дар боғе дар ҷануби Киев истироҳат дорад, духтараш дар аробача хобидааст. Соли 2019

Ҷасади ба хун оғӯштаи Лиза пас аз ҳамлаи мушакии Русия ба Виннитса, 14-уми июли 2022