Доғистон аз нигоҳи дурбин (19 АКС)

Деҳаи Талсух дар наздикии марзи Доғистон бо Гурҷистон. Муҳаммад Шафиев ин аксро ҳини сайёҳати кӯҳбароӣ ҳамроҳ бо гурӯҳе аз дӯстонаш бардоштааст.
 

Як шаршара ё ҷуйбори яхкарда дар дохили як ғор дар деҳаи Салта Гунибского.
 
 

Минтақаи Шомил дар Доғистон то се сол қабл бинобар ҳузури ҷангиён ҷои амне набуд. Вале ба гуфтаи ин аксбардор, ин минтақа ҳоло аз амнияти беҳтару бештар бархӯрдор аст. 
 
 

Қаблан бинобар таҳдидҳои амниятӣ, гаштугузор ва сайёҳат дар ин минтақа номумкин буд. Гаштугузори ҷавонони маҳаллӣ дар ин минтақа метавонист онҳоро ба хатарҳо, аз ҷумла тирандозӣ аз сӯи нерӯҳои вижаи расӣ рӯбарӯ кунад, зеро дар инҷо амалиёти зиддитеррористӣ идома дошт.
 

Муҳаммад Шафиев (аз пушт) ҳамроҳ бо як дӯсташ.

Дарёи Чирағ-Чай.

Дарахти коҷ зери барфи нав.

 

Намое аз кӯҳҳои ин минтақа.

Деҳае барфпӯши Балтуни поён. Намои дигаре аз Доғистони зебо.

Муҳаммад Шафиев мегӯяд, ки "мардум дар бораи Доғистон ҳамчун як минтақаи зебо фикр намекунанд ва ман мехоҳам ба ҷаҳониён нишон бидиҳам, ки он чунин аст."

Ин акси аспони ёбоӣ аст, ки Шафиев онро бардоштааст ва миёни корбарони "Инстаграм" маъруфият касб кардааст. Шафиев мегӯяд, ки онро дар марз бо Гурҷистон бардоштааст. 

Шафиев мегӯяд, ки фасли тирамоҳ беҳтарин вақт барои аксбардорӣ мебошад.

Деҳаи бостонии Каҳиб. Ин деҳа қабл аз 1000 сол бунёд шудааст ва яке аз ҷойҳои қадимӣ дар Доғистон ба шумор меравад.

Боз як бозёфти дигари Шафиев аз табиати Доғистон.
 

Қуллаи як кӯҳ дар ҷануби Доғистон.

Зиндагӣ дар хонаҳои сангин дардеҳаи Шиназ.
 

Тори анкабут ҳини ғуруби офтоб.

Як марди пир ҳамроҳи як кӯдак дар деҳаи Хутхул қадам мезананд. Фазои ором ва табиат зебо.