Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, фақат дар як рӯз ду зани ҷавон бо як шева қасди ҷони худ кардаанд. Ҳарду ҳам худро ба дарё андохта, вале раҳгузарон наҷот додаанд.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 8-уми июн дар баёнияе гуфт, ду ҷавонеро, ки нагузоштаанд, занони ҷавон даст аз ҷони худ бишӯянд, бо сипоснома ва подоши молӣ қадрдонӣ карданд.
Дар баёния аз ин ҷавонон Азимҷон Валиев ва Фаридуншоҳ Ваҳҳобов ном бурдаанд, ки аввали духтареро аз рӯдхонаи Душанбе ва дувумӣ аз рӯдхонаи Кофарниҳон берун кашидаанд.
Ному насаби духтарон нагуфтаанд, аммо дар хабар омадааст, ки ҳарду ҳодиса рӯзи 1-уми июн сурат гирифтааст.
Тибқи омори расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз дусад зан худкушӣ ё қасди ҷони худ кардаанд. Зӯроварӣ ба занро, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ба қавле “расм” шудааст, як сабаби асосии худкушии бонувон медонанд.