Иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи БОР барои ду соли оянда

Бинои вазорати савдо ва рушди иқтисоди Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Тибқи пешбинии Бонки Осиёии Рушд, иқтисоди Тоҷикистон имсол 7,4 ва соли оянда 6,8 дарсад рушд хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик гуфтаанд, суръати рушди иқтисод имсол ва солҳои оянда аз 8 дарсад кам нахоҳад буд.

Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд, ки дар аввали моҳи апрел нашр шуд, омадааст, сармоягузории бузург ба бахши энержӣ, саноат ва рушди бахши хусусӣ аз омилҳои асосии афзоиши иқтисод дар ду соли оянда хоҳад буд.

Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, ин ниҳоди молӣ омода аст, ки дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла, камбуди сармоя ва беҳтар кардани хизматрасонии давлатӣ, ба Тоҷикистон кӯмак кунад.

Тибқи пешбинии Бонки Осиёии Рушд, имсол сатҳи таваррум то 5 дарсад ва соли оянда то 5,8 дарсад боло хоҳад рафт.

Боло рафтани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ, зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ, нафақа ва хизматрасониҳои коммуналӣ, аз омилҳои асосии таваррум дар кишвар гуфта мешавад.

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки технологияи рақамиро рушд диҳад, то хизматрасониҳои давлатӣ ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.