"Ду наврас ҷон бохт." Пайомади сел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Акс аз бойгонӣ

Бар асари омадани сел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду наврас ҷон бохта, се каси дигар бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳодиса пас аз зуҳри 3-юми июн дар деҳаи Шаҳрибарбари ин ноҳия ва замоне рух додааст, ки наврасон ба чарондани чорво машғул буданд.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонбохтагон Шамил Ҳошимзодаи 9-сола ва Салмон Ғафурзодаи 11-сола ҳастанд.

"Мардум наврасонро аз сел бароварда, ба шифохона бурданд. Ду нафар ҳалок шуда, се нафари бо осебҳои сахт дар бемористон ҳастанд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Селу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода кушт ва панҷ каси дигарро захмӣ кард.

Ҳавошиносони тоҷик ба мардуми кишвар ҳушдор додаанд, ки рӯзи 5-уми июн бахусус дар манотиқи кӯҳистонӣ эҳтиёткор бошанд, зеро хатари омадани сел зиёд аст.

Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳистонӣ аст, дар баробари селу обхезиву ярч ва ҳам хушксолӣ бисёр осебпазир аст ва солона дар натиҷаи ин фалокатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар зарар мебинад.