Пайкари афсар ва сарбози Нерӯҳои марзбониро баъди чор рӯз ёфтанд

Ёраҳмад Қурбоналиев ва Билол Каримов рӯзи 24-уми июл дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархор ба рӯдхонаи Панҷ афтоданд

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл ҷасади ду марзбонро аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд.

Афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола рӯзи 24-уми июл дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ шуданд.

Як манбаи огоҳ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасад ё пайкарҳоро барои ташхис ба шаҳри Кӯлоб бурданд. Дар назар аст, маросими видоъ бо ин низомиён дар зодгоҳашон, ноҳияҳои Ховалинг ва Фархор, баргузор шавад.

Ҳамдеҳагони яке аз ҷонбохтагон, Билол Каримови 19-сола, хабар додаанд, ки ҷасади ӯ ва Ёраҳмад Қурбоналиевро дар соҳили рӯди Панҷ дар деҳаи Ҳисори ноҳияи Фархор ёфтанд.

Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи сешанбе дар эъломияе гуфт, об ҷасадҳоро тақрибан панҷ километр поинтар, ба мавзеи "пайвастшавии дарёи Сурхоб ба дарёи Панҷ" берун андохтааст.

Фоҷиа ҳангоми иҷрои маъмурияти марзбонон сурат гирифтааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо хостаанд, заршӯёни афғонистониро аз як ҷазираи хурди мутаалиқ ба Тоҷикистон берун кунанд". Дар ин бора ҷузъиёти бештар дода нашудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозе дорад ва рӯдхонаи Панҷ қисме аз онро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар гузашта ҳам ғарқ шудани марзбонони тоҷик дар ин рӯдхона дида шудааст.

Навор дар Инстаграм: