Пайдо шудани ҷасади марде, ки бо писараш ба дарё афтида буд

Акс аз ҷойи ҳодиса

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади марде хабар медиҳад, ки як ҳафта пеш ба дарёи Фон афтида буд.

Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз зуҳри 1-уми август сокинони деҳаи Мингдонаи Панҷакент аз дидани ҷасади марде дар дарёи Зарафшон хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, наҷотдиҳандагон ҷасади мардро аз дарё бароварда, ба мақомоти дахлдор супориданд.

Ташхис муайян кардааст, ки ҷасади ёфтшуда пайкари Абдулло Турсунов, сокини 60-солаи шаҳри Истаравшан аст. Ин мард санаи 21-уми июл ҳамроҳи писараш бо нақлиёти "Опел" ба дарёи Фон афтида буданд. Наздикони Абдулло Турсунов қаблан барои пайдо кардани ҷасади ӯ ва писараш аз сокинони Панҷакент дархости кумак карданд.

Ҳар тобистон дар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.

Бино ба омори расмӣ, дар ним соли гузашта дар кишвар 83 нафар ғарқ шудаанд ва аз ин миён 24 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола будаанд.