Сарвазири Арманистон эҳтимоли хуруҷи пурраи марзбонони Русияро аз қаламрави ин кишвар дар солҳои наздик истисно надонист.
Никол Пашинян дар ин бора рӯзи 26-уми ноябр дар нишасти матбуотӣ изҳорот дод.
"Аз сарҳадбонони Русия барои он ки солҳои дароз дар марзҳои мо хидмат карданд, сипосгузорем. Аммо, ба ин андешаам, ки мо бояд дар солҳои наздик масъулияти нигоҳбонии марзи давлатиро пурра ба дӯши худ гирем," – афзуд ӯ.
Изҳороти Никол Пашинян дар пасманзари афзоиши танишҳо дар муносибати миёни Маскав ва Ереван бинобар наздикшавии Арманистон бо Ғарб садо дод.
Марзбонони Русия бар асоси як созишномаи соли 1992 дар Арманистон ҳузур доранд.
Хабаргузории русии "Интерфакс" навиштааст, марзбонони Русия моҳи августи соли 2024 хидматро дар Фурудгоҳи Байналмилалии "Звартнотс"-и Ереван; моҳи январи соли 2025 дар гузаргоҳи "Агарак"-и марзи Арманистон бо Эрон ва моҳи феврали ҳамон сол дар гузаргоҳи миёни Арманистон ва Туркия ба поён расондаанд.
Ҳарчанд онҳо дар сарҳади Арманистон бо Гурҷистон ва Озарбойҷон ҳузур надоранд, аммо ҳамчунон ҳамроҳи марзбонони арманӣ дар баъзе қитъаҳои сарҳадии ин кишвар бо Эрону Туркия хидматро идома медиҳанд.