Ин муштзани тоҷик дар вазни то 90 кило дар даври ниҳоӣ аз намояндаи Узбекистон Ҳалимҷон Мамасолиев мағлуб шуда, мақоми дуюмро касб намуд. Қаблан Каримов дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо шуда, ба финал роҳ пайдо кард.
Бояд зикр намуд, Парвиз Каримов соли 2024 низ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тайланд дар вазни то 92 кило соҳиби нишони нуқра шуда буд.
Муштзани дигари тоҷик Некрӯз Салимов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батор дар вазни то 80 кило байни мардон дар марҳилаи ниманиҳоӣ аз намояндаи Урдун Ҳусейн Ишаиш, қаҳрамони Осиё дар соли 2022, мағлуб шуда, бори аввал нишони биринҷии қаҳрамонии Осиёро соҳиб гардид.
Қаблан Салимов дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон тариқи нокаут дастболо шуда, дар чаҳорякфинал бар муштзани Индонезия ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Улан-Батор аввалин шуда Миҷгона Самадова, варзишгари маъруфи тоҷик, медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 57 кило миёни занон бар намояндаи Муғулистон ғолиб омада, дар нифинал аз Пунрави Руэнроси тайландӣ, дорандаи нишонҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, инчунин қаҳрамони Осиё ва Бозиҳои осиёӣ, шикаст хӯрд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон 30-юми март оғоз ёфта буд, рӯзи 10-уми апрел ба охир расид. Ба иттилои сомонаи asianboxing.org дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 230 муштзан аз 25 кишвари Осиё иштирок карданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 9 муштзан (7 мард ва 2 зан) дохил буданд. Муштзанҳои дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Ба ин тартиб, муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Улан-Батор се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) гирифтанд.
Дар ҳисоби медалҳо байни мардон мунтахаби Қазоқистон бо 8 медал (4 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Узбекистон бо 6 медал (3 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Ҳиндустон бо 6 медал (1 тило, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Ҳисоби медалҳо дар қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон:
1. Қазоқистон — 4-1-3
2. Узбекистон — 3-2-1
3. Ҳиндустон — 1-1-4
4. Ҷопон— 1-1-2
5. Урдун — 1-1-1
6. Муғулистон — 0-1-2
6. Чин— 0-1-2
7. Тайланд — 0-1-1
7. Тоҷикистон — 0-1-1
8. Туркманистон — 0-0-1
8. Филиппин — 0-0-1.
Дар ҳисоби медалҳо миёни занон мунтахаби Ҳиндустон бо 10 медал (4 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо 5 медал (2 тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Чин бо 5 медал (1 тило ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Ҳисоби медалҳо дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни занон:
1. Ҳиндустон — 4-2-4
2. Қазоқистон — 2-1-2
3. Чин— 2-0-3
4. Тайбэйи Чин — 1-1-2
5. Тайланд — 1-0-1
6. Кореяи Шимолӣ — 0-3-0
7. Узбекистон — 0-2-3
8. Муғулистон — 0-1-1
9. Кореяи Ҷанубӣ — 0-0-1
9. Тоҷикистон — 0-0-1.