Мақомоти интизомии Душанбе ба зидди як зани 24-сола парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки бераҳмии ӯ ба фарзандаш мардуми зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хашм овардааст.
Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус дар Фейсбук мечархад, дида мешавад, ки ин зан чӣ гуна ба сари фарзанди яксолаи худ бераҳмона ва сахт бо мушт мезанад.
Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 4-уми июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки ба зидди сокини шаҳр Мавлуда Бурҳонова бо иттиҳоми барқасдона осеби сахт расондан ба сиҳатии инсон ва ташкил кардани фоҳишахона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Маълум нест, ҳодиса кай сурат гирифтааст, вале раёсат мегӯяд, ки баъди вокуниши сахти ҷомеа ҳувияти занро мушаххас ва ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ба иттилои Раёсати умури дохилӣ, Мавлуда Бурҳонова дар гузашта ҳам барои ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.
Назари зан ба баёнияи мақомот рӯшан нест.
Дар шарҳи видеои муносибати бераҳмона бо кӯдак корбарони зиёде дар Фейсбук гуфтаанд, ки Мавлуда Бурҳонова бояд аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда шавад. Бар асоси парвандае, ки боз кардаанд, эҳтимол фарзанди хурдсоли Мавлуда Бурҳоноваро аз ӯ гирифта, барои парасторӣ ба ихтиёри давлат диҳанд.
Латукӯб ё бераҳмона задани тифлони хурдсол дар гузашта ҳам зиёд дида шудааст ва Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ гуфтааст, соли гузашта 6 муроҷиат дар бораи зӯроварӣ ё задани кӯдаконро сабт кард. Дар ин гузориш омадааст, “ташвишовар аст, ки бештар шахсоне ба кӯдакон зӯроварӣ ё зулм мекунанд, ки тифлон онҳоро мешиносанд ё ба онҳо меҳр бастаанд.”