Хабаргузории “Ховар” рӯзи 28 май навишт, Маҷлиси намояндагон ду рӯз пеш чанд созишномаро ба тасвиб расонд. Дар байни онҳо, аз ҷумла, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми Гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба татбиқи лоиҳаи «Таъсиси кластери саноати сабуки Гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ин созишнома дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд. Ду раҳбар он замон дар изҳороти муштараке ба тавсеаи ҳамкориҳои шарикии ду кишвар дар соҳаи ҳарбию техникӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар хабари мухтасари расмии рӯзи панҷшанбе омадааст, ҷаласа таҳти раёсати раиси маҷлис Файзалӣ Идизода ҷараён гирифт ва дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода, муовини раиси кумита оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Набизода, узви кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Фарҳод Каримзода ва узви кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Баҳриддин Зиёӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар хабари расмӣ ҷузъиёте аз ин беш дода намешавад.
Вале мавзӯи гурӯҳи БТК аз он назар мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки бино ба як таҳқиқи Радиои Озодӣ, ин ширкат инак чор сол аст бо таҳияи либоси ҳарбӣ ба артиши Русия дар ҷанги Украина машғул аст.
Ин ширкати русӣ, ки бунёдгузор ва баҳрагирандаи асосиаш зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аст, баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина дар Тоҷикистон босуръат фаъол шуд. Ва як таҳқиқи Радиои Озодӣ аз соли 2025 нишон дод, ки давоми ду соли гузашта 5,5 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон ба иҷора гирифта, ба ду корхонаи нассоҷӣ сармоягузорӣ кардааст ва дар ниҳоят барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, аз Тоҷикистон либос бурдааст.
Мақомоти тоҷик ба ҷуз расман нашр кардани хабари ҳамкории ин ширкат бо корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, дигар паҳлӯҳои он, аз ҷумла, ирсоли маҳсулот ба ҷанги зидди Украинаро шарҳ надоданд.