Додгоҳи инқилоб дар Теҳрон коргардони синамо Ҷаъфар Паноҳиро ба панҷ солу як моҳ зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кардааст.
Дар ин бора хабаргузории эронии "Имтидод" аз қавли вакили мудофеи Паноҳӣ хабар дод.
Инчунин, додгоҳ коргардонро аз берун шудан аз Ҷумҳурии Исломӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум намудааст.
Вакили мудофеъ гуфтааст, ҳукми Паноҳӣ ғоибона содир шуд, чун ӯ дар хориҷа қарор дорад.
Ҷузъиёти айбнома ошкор нест.
Мақомоти Эрон соли 2010 Ҷаъфар Паноҳиро бо иттиҳоми "фаъолияти зиддиҳукуматӣ" ба шаш сол зиндон маҳкум, аммо пеш аз муҳлат озод карданд.
Коргардон соли 2022 бори дигар маҳкум ва аввали соли 2023 аз ҳабс озод шуд.
Ҷаъфар Паноҳӣ барандаи ҷоизаҳои "Шохаи тилоии нахл", "Хирси тилоӣ" ва "Шери тиллоӣ" мебошад.