Дар ин феҳрист панҷ гуштигири тоҷик дар вазни худ ба даҳгонаи беҳтаринҳо дохил шуданд.
Эмомалӣ Нуралӣ дар миёни гуштигирони тоҷик дар мақоми аввал аст. Вай дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило байни мардон бо 4716 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Дар ин вазн Такеши Такеока аз Ҷопон бо 4880 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ мақоми аввалро касб намудааст.
Эмомалӣ Нуралӣ соли 2025 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) медали нуқра, дар қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ ва дар Dushanbe Grand Slam 2025 медали тило ба даст овард.
Обид Ҷебов дар байни варзишгарони тоҷик ҷойи дуюмро мегирад. Вай дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 4270 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шудааст. Ҷебов соли 2025 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Темур Раҳимов, ки дар миёни варзишгарони тоҷик сеюм аст, дар феҳристи ҷаҳонӣ байни мардон дар вазни беш аз 100 кило бо 4245 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор дорад. Дар вазни сангинтарин варзишгари русиягӣ Инал Тасоев бо 6250 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст.
Темур Раҳимов дар мавсими соли 2025 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Маҷористон медали биринҷӣ, дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ медали нуқра, дар қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ, дар Dushanbe Grand Slam 2025 медали тило гирифт.
Сомон Маҳмадбеков дар байни варзишгарони тоҷик чаҳорум аст. Ӯ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 3547 имтиёз дар ҷойи шашум мебошад. Дар ин вазн Темур Арбузови русиягӣ бо 5955 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар миёни варзишгарони тоҷик панҷум аст. Вай дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 100 кило бо 3925 имтиёз ҷойи нуҳумро азони худ кардааст. Дар ин вазн Дота Арайии ҷопонӣ бо 5180 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.
Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо, инчунин паҳлавонони ҷавони тоҷик Абубакр Шеров (-73 кг) бо 3006 имтиёз дар ҷойи 11-ум, Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) бо 2955 имтиёз дар ҷойи 12-ум, Меҳрзод Суфиев (-60 кг) бо 1778 имтиёз дар ҷойи 22-юм, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) бо 1673 имтиёз дар ҷойи 23-юм, Масъуди Аҳмадзод (-73 кг) бо 1272 имтиёз дар ҷойи 34-ум, Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) бо 1025 имтиёз дар ҷойи 40-ум ва Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) бо 678 имтиёз дар ҷойи 59-ум қарор доранд.
Духтарони гуштигири тоҷик низ ба феҳристи ҷаҳонии ҷудо дохил шудаанд. Дар байни онҳо Александра Кан (-57 кг) дар ҷойи аввал, дар радабандии ҷаҳонӣ бо 770 имтиёз дар ҷойи 55-ум аст.
Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 601 имтиёз дар ҷойи 65-ум, Аҳлия Муъминова (-48 кг) бо 370 имтиёз дар ҷойи 87-ум, Виктория Киселёва (+78 кг) бо 304 имтиёз дар ҷойи 88-ум ва Зуҳал Ҷумъаева (-52 кг) бо 260 имтиёз дар ҷойи 107-ум мебошанд.
Бояд зикр намуд, се медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон (як нуқра ва ду биринҷӣ) дар Маҷористон натиҷаҳои беҳтарин дар риштаи ҷудо дар соли 2025 аст.
Ҳамчунин моҳи октябри соли 2025 Муҳиддин Асадуллоев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон дар шаҳри Лимаи Перу дар вазни то 73 кило барандаи медали тило гардид.