"Пахтаро замоне мефурӯшем, ки нарх муносиб шавад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соли 2025 дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро нашудааст. Баъзе аз кишоварзон ба умеди даромади бештар аз пахтаи ҷамъовардаи худ танҳо қисми ҳосилро дар ихтиёри ширкату корхонаҳо гузошта, бахши дигарро то расидани фурсати беҳтар ва болоравии нарх дар хонаву анборҳояшон захира кардаанд.