Падаре, ки писарашро ба мошин баста буд, 25 сол гирифт

Хусрав Одинаев 15 сол дошт ва дар пайи латукӯб ва азияти падар ҷон дод

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш, аз ҷумла дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, гузориш дод, ки сокини шаҳри Турсунзода Парвиз Одинаев дар пайванд ба шиканҷа ва марги писараш, Хусрав Одинаев, ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомот дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.

Як манбаи "Азия-Плюс" 17-уми ноябр гуфтааст, ҳукм шаш рӯз қабл содир шуд. Ба қавли ӯ, "додситон барои Одинаев 27 сол зиндон талаб кард, аммо додрас фарзандони ноболиғ доштани Одинаевро ба назар гирифта, ҳукмро ду сол поин овард".

Хусрав Одинаеви 15-сола дар моҳи июли имсол дар пайи шиканҷаи падараш ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, Парвиз Одинаев ӯро ба дуздии пул гумонзад дониста, вале ба ҷойи муроҷиат ба мақомот худаш ба мошин баста, ҷазо додааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки порлумони Тоҷикистон соле пеш падару модаронро вазифадор карда буд, дар тарбияи кӯдак аз зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмонӣ истифода накунанд.

Соли 2024 дар Тоҷикистон нисбат ба ноболиғон 994 ҷиноят содир шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, имсол хушунати зидди наврасон 30 дарсад афзуд.

Ба ҷуз марги Хусрав Одинаев, ҳадди ақал дар се ҳодисаи дигар, ки имсол расонаӣ гашт, падару модарон фарзандони худро ба об партофта ё бо корд захмӣ кардаанд. Яке аз ин волидон дар вилояти Хатлон ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Либоси писарашро ба оғӯш гирифта, фарёд мезад". Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Парвиз Одинаевро шурӯъ кард"Фарзанди худам, ҳар коре хоҳам, мекунам?"То ҳол ваҳшати марги Хусрав Одинаев аз ҳуши ҳамдеҳагон берун нашудаастМаъракаи хона ба хона баъди кушта шудани панҷ кӯдак аз сӯи модаронашонҲамсоягони Хусрави ҷавонмарг дар бораи ӯ чӣ мегӯянд?Зане, ки чор фарзандашро ба об партофт, 20 сол зиндонӣ шудааст"Раису муллои маҳалла буд." Фавти фарзандон аз дасти волидон баёнгари чист?Ҷузъиёти марги Хусрав, навраси олуда ба хоку хун дар Турсунзода