Азияту таҳқири занони тоҷик дар Интернет зиёд шудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як таҳқиқи тоза дар бораи озору азияти лафзии занон дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки бештар аз ҳама онҳое таҳқиру дашному ҳамлаҳои лафзӣ мебинанд, ки барои ҳаққи занон садо баланд мекунанд. Таҳқиқро “Гулрухсор”, як созмони ҳомии ҳуқуқи занон анҷом додааст.