Оташбаси муваққат миёни Покистон ва "Толибон"

Сарбозони покистонӣ дар марз бо Афғонистон

Покистон ва ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтанд, ки бо дархости Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия ба муносибати Иди Фитр муваққатан оташбас карданд.

Атоуллоҳ Тарар, вазири иттилооти Покистон, рӯзи 18-уми март гуфт, ин оташбас аз панҷшанбе то нимашаби душанбе иҷро хоҳад шуд. Ӯ дар шабакаи "Х" навишт, "Покистон ин иқдомро ҳамчун ҳусни ният ва дар ростои риояи арзишҳои исломӣ анҷом медиҳад".

Аммо Атоуллоҳ Тарар ҳушдор дод, ки "дар сурати ҳар гуна ҳамлаи фаромарзӣ, ҳамлаи паҳподӣ ё ҳар ҳодисаи террористӣ дар дохили Покистон, амалиёт фавран оғоз хоҳад шуд".

Андаке пас аз ин эълони Покистон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон" низ аз қатъи муваққати даргирӣ миёни ду тараф хабар дод. Аммо сухангӯи "Толибон" ба замони поёни ин оташбас ишора накард.

Вай дар баёнияе гуфт, онҳо ба муносибати Иди Фитр ва низ ба дархост ва миёнравии кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар, амалиёти дифоии "Радди зулм"-ро ба таври муваққат бас мекунанд.

Дар идома омадааст, ки ҳукумати "Толибон" ҳифзи амнияти миллӣ, ҳокимият ва ҷони шаҳрванди Афғонистонро вазифаи худ медонад ва дар сурати таҳдид ба ҳар гуна ҳамла посух хоҳад дод.

Оташбаси муваққат миёни ду тараф дар ҳоле эълон мешавад, ки рӯзҳои охир даргирӣ миёни ду тараф боло гирифт ва ба гуфтаи масъулони ҳукумати "Толибон", дар як ҳамлаи ҳавоии Покистон ба як бемористони нигаҳдории муътодони маводи мухаддир дар Кобул садҳо нафар кушта шуданд. Покистон иддао дорад, ки ба як корхонаи паҳподсозӣ ва анборҳои аслиҳа ҳамла кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Толибон: Дар ҳамлаҳои Покистон ба Кобул садҳо нафар кушта шуданд