Осим Мунир: "Толибон бояд байни Покистон ва ТТП якеро интихоб кунад"

Осим Мунир, фармондеҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон.

Осим Мунир, фармондеҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон гуфтааст, ки ҳукумати Толибон миёни ҳифзи робитаҳо бо Исломобод ва пуштибонӣ аз Таҳрики Толибони Покистон, якеро интихоб кунад.

Бархе расонаҳои Покистон, аз ҷумла Dawn гузориш додаанд, ки ӯ ин суханонро рӯзи 9 декабр дар аввалин суханронии худ ба унвони фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон дар маросиме дар қароргоҳи умумии артиши ин кишвар дар ҳузури афсарони ҳар се нерӯи мусаллаҳ баён кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки ба "режими Толибон" паём дода шуд, ки ҷуз интихоби яке аз ин ду -- "фитнаи хавориҷ" ё Покистон, ҳеч гузинаи дигаре вуҷуд надорад.

"Фитнаи хавориҷ" истилоҳе аст, ки мақомоти Покистон барои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ба кор мебаранд.

Дар идомаи гузориш омадааст, ки ӯ ҳамзамон ба Ҳинд ҳушдор додааст, ки гирифтори худфиребӣ нашавад, зеро посухи баъдии Покистон аз ин ҳам зудтар ва сахттар хоҳад буд.

Дар идомаи гузориши расонаи Dawn омадааст, ки Осим Мунир афзудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши таҳдидҳо, ҳар се нерӯи мусаллаҳи он кишвар бояд бо як низоми муттаҳид кор кунанд.

Ҳукумати Толибон то кунун ба ин изҳорот вокуниш нишон надодааст. Аммо пеш аз ин, масъалаи Таҳрики Толибони Покистонро мавзуи дохилии он кишвар хонда, ҳамеша таъкид кардааст, ки иҷозат намедиҳад хоки Афғонистон бар зидди дигар кишварҳо истифода шавад.