Фаровонии маҳсулоти асосии хӯрока, аз ҷумла орд дар анборҳои Тоҷикистон сабаб шудааст, қимати маводи ғизоӣ дар нимаи моҳи сентябр поин омада, барои мардум андаке сабукӣ биёрад.
Аммо арзиши сабзавот дар бозорҳои кишвар, ки истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзист, ба таври чашмгир ва суолбарангез боло рафтааст.
Арзёбии муштараки Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ва созмони «Нексигол Мушовир» дар бозорҳо аз рӯзи 14-ум то 20-уми сентябр нишон додааст, ки афзоиши захираи орд, шакар, биринҷ, равғани рустанӣ дар анборҳо қимати ин маҳсулотро то 1 дар сад поин овардааст. Айни замон, нархи гӯшт, ки шикоят аз гаронии он ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон кам намешавад, дигарбора боло рафта, онро барои мардуми зиёде дастнорастар кардааст.
Дар арзёбии тозаи нархунаво омадааст, ки қимати миёнаи гӯшти гӯсфанд ва гов дар тамоми ҷумҳурӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта 2 дар сад боло рафтааст. Масалан як килограм гӯшти гӯсфанд дар бозорҳо, бахусус дар шаҳри Душанбе ба марзи 115 сомонӣ расидааст. Гӯшти гов дар бозорҳо аз 85 сомонӣ то ба 110 сомонӣ расидааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Чаро орд дар Душанбе арзон шуд, дар дигар ҷойҳо не? ВИДЕОЗоҳиран харҷи мардум, бахусус шаҳрнишинон, барои хариди сабзавот дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст, чун баҳои сабзӣ дар муқоисаи ба ҳафтаи гузашта ба ҳисоби миёна 13 дар сад афзудааст. Ҳоло як кило сабзӣ ба ҳисоби миёна тақрибан 7 сомониро ташкил медиҳад. Пиёз низ дар бозорҳои кишвар 10 дар сад гаронтар шуда, ба ҳисоби миёна ҳар килои он 3.3 сомониро ташкил додааст.
Бар асоси арзёбии қиматҳо дар Тоҷикистон, арзиши маводи сӯхт дар кишвар тафовути зиёд доштааст. Нархи бензин рӯ ба боло ниҳода, дар муқоиса ба як ҳафтаи гузашта 1 дар сад боло рафтааст. Акнун як литр бензин тақрибан ба 14 сомонӣ баробар аст. Аммо нархи сӯхти дизелӣ, ки дар ҳафтаву моҳҳои гузашта бисёр гарон шуда буд, 7 дар сад поин омадааст ва ҳоло як литри онро дар нуқтаҳои бензинфурӯшӣ то 16.7 сомонӣ мефурӯхтаанд.
Тамоюли болоравии қиматҳо бахусус қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз аввали сол идома доштааст. Идораи давлатии омор дар нашрияи нави оморӣ гуфтааст, ки аз аввали имсол қимати мева дар кишвар бештар аз 22 дар сад боло рафтааст. Аз ҷумла қимати себ, ки дар кишвар солҳои пеш фаровон буд, бештар аз 41 дар сад боло рафтааст ва қимати сабзӣ ҳам тақрибан 37 дар сад гаронтар шудааст. Дар ин муддат музди миёнаи кор низ тағйир кардааст, аммо на ба ҳадде, ки қиматҳо боло рафтаанд. Ба гуфтаи Идораи омори Тоҷикистон музди миёна дар кишвар дар моҳи июни соли 2026 дар муқоиса ба моҳи июни соли 2025 андаке бештар аз 15 дар сад афзудааст.