Омӯзгорро барои таҳқири пайғамбари Ислом ҷазо додаанд

Як омӯзгори 21-соларо дар вилояти Самарқанди Узбекистон бо иттиҳоми “барангехтани адовати диниву мазҳабӣ" ба мӯҳлати 12 шабонарӯз ҳабс карданд. Дар ин бора нашрияи Gazeta.uz бо такя ба қарори додгоҳ хабар додааст.

Омӯзгори ҷавонро баъди он ба ҷавобгарӣ кашиданд, ки рӯзи 30 декабр дар як канали Телеграм дар бораи Муҳаммад пайғамбари мусулмонон бад ва ё "кӯдакозор" гуфтааст. Корбароне, ки ин гуфтаҳоро дидаанд, аз мақомот хостаанд, ки ӯро ҷазо диҳанд.

Рӯзи 9-уми январ мақомоти умури дохилӣ телефони ин муаллимро санҷида маълум карданд, ки муаллифи ин ҳарфҳо ӯ будааст. Худи ҳамон рӯз мурофиаи додгоҳӣ барпо карда, ба ӯ амр додаанд, ки барои хароҷоти ҳабс 741,6 ҳазор сӯм ё 61 доллар пардохт кунад.