Қазоқистон омодагӣ нишон додааст, ки дар сурати ба созиш расидани Теҳрон ва Вашингтон, захираи ураниуми 60-дарсад ғанишудаи Эронро қабул ва нигоҳдорӣ кунад. Дар ин бора рӯзномаи Financial Times бо такя ба суханони Рафаел Гросси, мудири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ гузориш дод.
Ин пешниҳод ҳамчун талош барои таҳкими эътимод миёни тарафҳо матраҳ шудааст, ки ҳадаф аз он мусоидат ба эҳёи музокироти ҳастаӣ байни Эрон ва Амрико мебошад.
Рафаел Гросси ин мавзуъро 26-уми май дар сафараш ба Қазоқистон ва дар дидор бо раиси ҷумҳури он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳам матраҳ кардааст.
Қазоқистон ба далели таҷрибааш дар заминаи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ, яке аз номзадҳои қобили эътимод барои қабули ураниуми ғанишудаи Эрон дониста мешавад. Қазоқистон баъди соҳибистиқлол шудан аз силоҳҳои атомии Иттиҳоди Шӯравӣ даст кашид.
Интиқоли ураниуми Эрон ба Қазоқистон ба як созиши сиёсӣ ва кумаки мутахассисони Оҷонсии байнулмилалии энержии атомӣ ниёз хоҳад дошт. Мудири ин созмон гуфтааст, дар ин замина то кунун ҳеч тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.