Тоҷикистон аз 25 то 28-уми майи имсол мизбони як нишасти байнулмилалӣ дар мавриди об хоҳад буд. Саноӣ Бойзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ҳадафи онро баён дошт.
“Бо вуҷуди пешрафти назаррас миллиардҳо нафар ба оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва хатари афзояндаи офатҳои табиӣ ба захираҳои об фишори бесобиқа меоранд,” – гуфт ӯ.
Тоҷикистон нишастро дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал баргузор мекунад. Рустам Абдуллоев, намояндаи Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон, мегӯяд, “конфронс ба ҳама шарикон имкони вижа медиҳад, ки саҳми худро дар ҳалли масоили калидии об дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод кунанд.”
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар конфронс беш аз 2500 намоянда аз 31 кишвар ва 33 ниҳоди байнулмилалӣ ширкат мекунанд.
Тоҷикистон аз соли 2003 ба ин сӯ дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Милал ташаббусҳои гуногуни ҷаҳониро дар соҳаи обу иқлим дар миён мегузорад, ки ҳадафи онҳоро ҷалбаи таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об дар сайёра маънидод мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нақшаи нави Тоҷикистон дар мавриди об. Кӣ 324 миллион доллар медиҳад?Тоҷикистон, ки 60 дарсади оби кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хонаи 80 миллион нафар аз он сарчашма мегирад, сол ба сол гарму хушку тафсон мешавад. Ҳазорон пиряхи кишвар бухору нопадид шудааст ва мақомот як сабаби аслии камбуди нерӯи барқро дар соли 2025 кам шудани маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” хондаанд.
Аломати дигари тағйири иқлим, ки имсол дар Тоҷикистон ҳувайдо шуд, рӯзи 25-уми октябри соли гузашта як пораи азими якунимкилометрии пиряхи Деҳдал дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ поён лағзид. Идораи ҳавошиносӣ гуфт, сабаби аслии канда шудани пирях "ҳарорати ҳаво ва дер боз наборидани барфу борон” будааст.