Омодагӣ ба мусобиқаи ҷудо "Тоскулоҳи бузург"-и Душанбе

Акс аз бойгонӣ

Бори сеюм дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2026” баргузор мешавад. Ин мусобиқа рӯзҳои 1-3-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2026” то ҳоло 268 варзишгар (156 мард ва 112 зан) аз 34 кишвари се қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 39 варзишгар (28 мард ва 11 зан) дохиланд:

Мардон

-60 кг – Меҳрзод Суфиев

-60 кг – Рамзиддин Азизов

-60 кг – Лоиқ Қутбиддинов

-60 кг – Икром Шамсов

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-66 кг – Обид Ҷебов

-66 кг – Искандар Маҳмадхоҷазода

-66 кг – Мусаниф Миробов

-73 кг – Муҳиддин Асадуллоев

-73 кг – Масъуди Аҳмадзод

-73 кг – Абдуллои Ориф

-73 кг – Бинёмин Назиров

-81 кг - Сомон Маҳмадбеков

-81 кг – Абубакр Боқиев

-81 кг – Бахтиёр Бозоров

-81 кг – Суннатулло Мусоев

-90 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода

-90 кг – Умедҷон Раҷабов

-90 кг – Саидраҳим Раҳимов

-90 кг – Туйчибек Шарипов

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Муҳсин Малаев

-100 кг – Сомонӣ Кишваров

-100 кг – Азизҷон Акрамов

+100 кг – Некрӯзшоҳ Некбахтзода

+100 кг – Муҳаммадрасул Давлатов

+100 кг – Умар Муносибов

+100 кг – Мансур Раҳмонов

Занон

-48 кг — Нушин Ҷумъаева

-48 кг – Аҳлия Муъминова

-48 кг – Ҳоҷинисо Назарова

-48 кг – Марям Назарова

-52 кг – Суҳайло Сафарзода

-52 кг — Мадина Қурбонзода

-52 кг — Зуҳал Ҷумъаева

-52 кг – Райҳонаи Розиқзода

-57 кг — Александра Кан

-57 кг — Раҳмия Ханҷарбекова

+70 кг — Виктория Киселёва

Барномаи мусобиқа:

1-уми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

2-юми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

3-юми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025” 11 медал (4 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб карда буданд. Медалҳои тилоро дар сабқати мардон Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-)73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) гирифтанд.