Олмон севумин дастаест, ки ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт

Бозии дастаҳои Нидерланд – Шведсия

Бозиҳои даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, 21-уми июн дар гурӯҳҳои Е ва F баргузор шуданд.

Тими миллии Олмон бар мунтахаби Кот-д’Ивуар бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ин бозии даври дувум дар гурӯҳи Е дар варзишгоҳи Торонтои Канада доир гардид. Дар дақиқаи 30-юм нимҳимоятгари Кот-д'Ивуар Франк Кессйе ҳисобро боз намуд. Баъдан ду голи олмониҳоро ҳамлагар Дениз Ундав дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаҳои 68-ум ва 90+4 зад.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи Е миёни мунтахабҳои Эквадор ва Курасао бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Олмон, ки пирӯзии дувумашро ба даст овард, бо 6 имтиёз дар гурӯҳи Е мақоми аввалро касб кардааст ва новобаста аз натиҷаи бозии даври севум муқобили мунтахаби Эквадор ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт.

Кот-д’Ивуар се имтиёз, Эквадор ва Курасао якимтиёзӣ дошта, барои роҳ ёфтан ба даври дигари мусобиқа талош мекунанд.

Ду бозии даври дувуми мусобиқа дар гурӯҳи F бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт: Нидерланд – Шведсия – 5:1, Тунис – Ҷопон – 0:4. Дар ин гурӯҳ Нидерланду Ҷопон чаҳоримтиёзӣ ва Шведсия се имтиёз гирифтаанд. Ҳарсе даста муборизаро барои ба плей-офф баромадан идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, тими миллии Мексика, ки бо 6 имтиёз дар гурӯҳи А ва мунтахаби ИМА, ки бо 6 имтиёз дар гурӯҳи D мақоми аввалро касб кардаанд, пешакӣ ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтанд.

Ба ин тартиб, дар ёздаҳ рӯзи мусобиқа 36 бозӣ доир гардид. 25 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 11 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 36 бозӣ 109 гол зада шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Дениз Ундав (Олмон), Ҷонатан Дэвид (Канада) ва Лионел Месси (Аргентина) пешсафанд, ки ҳар кадом сеголӣ ба самар расонидаанд.

Аясэ Уэда (Ҷопон), Винисиус Жуниор (Бразилия), Ҳарри Кейн (Англия), Даити Камада (Ҷопон), Йоҳан Манзамби (Швейтсария), Исмоил Сайбарӣ (Марокаш), Кай Ҳавертс (Олмон), Кайл Ларин (Канада), Коди Гакло (Нидерланд), Крисенсио Саммервилл (Нидерланд), Килиан Мбаппе (Фаронса), Матеус Куня (Бразилия), Фоларин Балоган (ИМА), Элайҷи Ҷаст (Зеландияи Нав), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) ва Ёсин Айорӣ (Шведсия) дуголӣ задаанд.

Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1

Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Мексика22003-06
2Кореяи Ҷанубӣ21012-23
3Ҷумҳурии Чех20112-31
4Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ20111-31

Гурӯҳи В

Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1

Қатар – Швейтсария – 1:1

Канада – Қатар – 6:0

Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Канада21107-14
2Швейтсария21105-24
3Босния ва Ҳерсеговина20112-51
4Қатар20111-71

Гурӯҳи С

Бразилия – Марокаш – 1:1

Ҳаити – Шотландия – 0:1

Шотландия – Марокаш – 0:1

Бразилия – Ҳаити – 3:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Бразилия21104-14
2Марокаш21102-14
3Шотландия21011-13
4Ҳаити20020-40

Гурӯҳи D

ИМА – Парагвай – 4:1

Австралия – Туркия – 2:0

ИМА – Австралия – 2:0

Туркия – Парагвай – 0:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ИМА22006-16
2Австралия21012-23
3Парагвай21012-43
4Туркия20020-30

Гурӯҳи Е

Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0

Олмон – Курасао – 7:1

Эквадор – Курасао – 0:0

Олмон - Кот-д’Ивуар – 2:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Олмон22009-16
2Кот-д’Ивуар21012-23
3Эквадор20110-11
4Курасао20111-71

Гурӯҳи F

Шведсия – Тунис –5:1

Нидерланд – Ҷопон – 2:2

Нидерланд – Шведсия – 5:1

Тунис – Ҷопон – 0:4

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Нидерланд21107-34
2Ҷопон21106-24
3Шведсия21016-63
4Тунис20021-10

Гурӯҳи G

Эрон – Зеландияи Нав – 2:2

Белгия – Миср – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Эрон10102-21
2Зеландияи Нав10102-21
3Белгия10101-11
4Миср10101-11

Гурӯҳи Н

Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1

Испания – Кабо-Верде – 0:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Арабистони Саудӣ10101-11
2Уругвай10101-11
3Испания10100-01
4Кабо-Верде10100-01

Гурӯҳи I

Ироқ – Норвегия – 1:4

Фаронса – Сенегал –3:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Норвегия11004-13
2Фаронса11003-13
3Сенегал10011-30
4Ироқ10011-40

Гурӯҳи J

Аргентина – Алҷазоир – 3:0

Австрия – Урдун – 3:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Аргентина11003-03
2Австрия11003-13
3Урдун10011-30
4Алҷазоир10010-30

Гурӯҳи К

Узбекистон – Колумбия – 1:3

Португалия – ҶД Конго – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Колумбия11003-13
2ҶД Конго10101-11
3Португалия10101-11
4Узбекистон10011-30

Гурӯҳи L

Гана – Панама – 1:0

Англия – Хорватия – 4:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Англия11004-23
2Гана11001-03
3Панама10010-10
4Хорватия10012-40

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ҳамагӣ 48 даста ширкат дорад. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 36-тоаш доир гардид.

Чаҳор кишвар - Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Курасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) - дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок доранд.

Кабо-Верде бозии аввалашро бо Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Курасао аз Олмон бо ҳисоби бузурги 1:7 шикаст хӯрд. Урдун бозиро муқобили Австрия бо ҳисоби 1:3 бохт. Узбекистон аз Колумбия бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.

Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаҳои мунтахаб ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебаранд.

Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия

Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина

Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия

Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)

Марҳалаи гурӯҳӣ

Даври дувум

21 июн

21:00. Испания - Арабистони Саудӣ

22 июн

00:00. Белгия – Эрон

03:00. Уругвай - Кабо-Верде

06:00. Зеландияи Нав – Миср

22:00. Аргентина – Австрия

23 июн

02:00. Фаронса – Ироқ

05:00. Норвегия – Сенегал

08:00. Урдун – Алҷазоир

22:00. Португалия – Узбекистон

24 июн

01:00. Англия - Гана

04:00. Панама – Хорватия

07:00. Колумбия - ҶД Конго

Даври севум

25 июн

00:00. Швейтсария – Канада

00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар

03:00. Марокаш – Ҳаити

03:00. Шотландия – Бразилия

06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ

06:00. Чехия – Мексика

26 июн

01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар

01:00. Эквадор – Олмон

04:00. Тунис – Нидерланд

04:00. Ҷопон – Шведсия

07:00. Туркия – ИМА

07:00. Парагвай – Австралия

27 июн

00:00. Норвегия – Фаронса

00:00. Сенегал – Ироқ

05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ

05:00. Уругвай – Испания

08:00. Зеландияи Нав – Белгия

08:00. Миср – Эрон

28 июн

02:00. Панама – Англия

02:00. Хорватия – Гана

04:30. Колумбия – Португалия

04:30. ҶД Конго – Узбекистон

07:00. Алҷазоир – Австрия

07:00. Урдун – Аргентина