Додгоҳи маъмурии Дюсселдорф дар Олмон ихроҷи як паноҳҷӯйи сиёсии тоҷикро аз ин кишвари аврупоӣ беасос донистааст.
Режими Эмомалӣ Раҳмон ҳар касеро, ки дар хориҷ аз кишвар ошкоро ҳукуматро танқид мекунад, таъқиб менамояд. Фақат норозӣ будан аз низоми худкома кофист.Лайло Нозгул Саидбек
Дилмурод Эргашев, узви пешини "Гурӯҳи 24" ва Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2024 аз Олмон ронда ва дар Душанбе 8 сол зиндонӣ шуд. Мақомот ӯро ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" гунаҳкор карданд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, чун Human Rights Watch, дорои ангезаи сиёсӣ номиданд. Дилмурод Эргашев 43-сола аст.
"Дареғ, қарор бисёр дер қабул шуд"
Лайло Нозгул Саидбек, раиси созмони Freedom For Eurasia, ки бо қазияи Дилмурод ошност, 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори Додгоҳи маъмурии Дюсселдорф рӯзи 9-уми ноябр содир шуда, барои шикоят ба ҷонибҳо як моҳ фурсат додаанд.
“Бар асоси хулосаи додгоҳ қарори Идораи федеролии муҳоҷират ва гурезагони Олмон, ки Тоҷикистонро маҳалли ихроҷи Дилмурод Эргашев таъйин карда буд, ғайриқонунӣ эътироф шуд,” – афзуд ӯ.
Лайло Нозгул Саидбек
Мусоҳиби мо гуфт, ҳамзамон, додгоҳ ба хулосае омадааст, ки Идораи федеролии муҳоҷират ва гурезагони Олмон барои қабули чунин қарор салоҳият надошт: “Ин маънои онро дорад, ки мумкин аст ҳатто бозгардондани Эргашев аз Тоҷикистон ба Олмон талаб карда шавад. Дареғ, барои Дилмурод ин қарор бисёр дер қабул шуд.”
Додгоҳе дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2025 Дилмурод Эргашевро тибқи банди 307-и Кодекси ҷиноӣ (даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ), ки аксар намояндагони мухолифон ва мунтақидони ҳукумат бар пояи он боздошту ҳабс мешаванд, ба ҳашт сол зиндон маҳкум гашт.
То кунун чанд созмони байнулмилалӣ ихроҷи Дилмурод Эргашевро аз Олмон ва боздошту зиндонӣ шуданашро дар Тоҷикистон танқид кардаанд. Бори охир, рӯзи 9-уми ноябр, як гурӯҳ аз фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Олмон бо баргузории ҳамоише аз Додгоҳи Дюсселдорф хоста буданд, нисбат ба сарнавишти ӯ бетараф набошад.
Радди дархости паноҳандагӣ
Бино ба санадҳои додгоҳӣ, Дилмурод Эргашев соли 2011 вориди Олмон шуда, асосан дар минтақаи Клеве мезист. Мақомот дар ин кишвари аврупоӣ дастикам се дархости ӯро дар солҳои 2011, 2017 ва 2019 барои паноҳандагӣ напазируфтаанд. Ва эҳтимол барои онки ҳар дафъа, ба гуфтаи онҳо, маълумот ва далелҳои гуногун ва зоҳиран бо ҳам зид пешниҳод шудааст.
Инро ҳам бинед:
Чаро Олмон Дилмуродро баъди 13 сол ронд?Ба қавли Лайло Нозгул Саидбек, Идораи федеролии муҳоҷират ва паноҳҷӯёни Олмон дар вақташ иддао доштааст, ки Дилмурод Эргашев сиёсатмадори шинохташуда нест ва аз ин рӯ бовар доштааст, дар Тоҷикистон ба ӯ хатаре таҳдид намекунад:
“Аммо ҳукми Эргашев нишон дод, ки чунин арзёбӣ ғалат аст. Ҳамчунин рӯшан шуд, ки режими Эмомалӣ Раҳмон ҳар касеро, ки дар хориҷ аз кишвар ошкоро ҳукуматро танқид мекунад, таъқиб менамояд. Фақат норозӣ будан аз низоми худкома кофист, то режим шуморо таъқиб кунад,” – афзуд ӯ.
Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, ҳукумати Олмон бояд расман барои озодии Дилмурод Эргашев ва бозгардондани ӯ ба Аврупо даст ба кор шавад: “Ва ман, бешубҳа, умедворам, ки Идораи федеролии муҳоҷирати Олмон ин таҷрибаи талхро ба назар хоҳад гирифт ва арзёбии худро дар бораи хатарҳое, ки ба мухолифони тоҷик таҳдид мекунад, бознигарӣ хоҳад кард.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи Олмон ихроҷи Дилмурод Эргашевро ғайриқонунӣ номидааст.
"То озодияш 3 сол монд"
Дар ҳамин ҳол, Муаттара Эргашева, хоҳари Дилмурод Эргашев, рӯзи 24-уми ноябр гуфт, бародарашро чанд дафъа дар зиндон дид ва то замони раҳоии ӯ се соли дигар мондааст.
Вай афзуд: “Саломатияш хуб аст. Се соли ҳукмаш бар асоси қонуни афв кам карда шуд. Инчунин муҳлати дар боздоштгоҳ буданашро ба назар гирифтанд. Аз ин ҳисоб низ муҳлати ҳабсаш поин оварда шуд. Се соли дигар мондааст.”
Олмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст. Ба маълумоти расмӣ, то охири моҳи августи соли 2026 тақрибан 13 ҳазор тоҷикистонӣ дар ин кишвари аврупоӣ қарор дошта, аз аввали имсол 27 нафар ба Душанбе ронда шудаанд. Тақрибан ҳазору сад нафари дигар бояд қаламрави Олмонро тарк кунанд.
Бо вуҷуди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), мақомоти Олмон дар солҳои охир чанд фаъоли мухолифонро ба Тоҷикистон рондаанд. Билол Қурбоналиев ва Асадулло Бобоев аз ҷумлаи онҳо ҳастанд. Аввалӣ соли 2024 ва баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Дувумиро дар Тоҷикистон 17 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.
"Гурӯҳи 24" соли 2012 таъсис шуда, фаъолияташ аз соли 2014 дар Тоҷикистон мамнуъст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро соли 2018 дар Аврупо таъсис доданд.