Олмон 27 тоҷикистониро рондааст. Таҳдиди ихроҷ ба даҳҳо тани дигар

Ҷиноҳи Ҳизби чап дар порлумони Олмон аз ҳукумати ин кишвар пурсида буд, ки чӣ гуна ба Душанбе ронда шудани Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушдро шарҳ диҳад

Мақомоти Олмон 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвари аврупоӣ ихроҷ карда, вале дар бораи онҳо ҷузъиёт надодаанд. Маълум нест, ки ин афрод муҳоҷири одӣ буданд ё паноҳҷӯйи сиёсӣ.

Ҳукумати Олмон ин рақамро рӯзи 21-уми октябр дар посух ба суолҳои ҷиноҳ ё фраксияи Ҳизби чап дар Бундестаг (порлумон) навишта, гуфтааст, омор танҳо аз моҳи январ то августи имсолро дар бар мегирад.

Ҷиноҳи Ҳизби чап моҳи сентябри имсол аз ҳукумати Олмон пурсида буд, ки чӣ гуна ба Душанбе ронда шудани Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро шарҳ диҳад.

Бобоев, ки аз соли 2017 бо хонаводааш дар Аврупо мезист, моҳи июни имсол ва бо вуҷуди нигаронии созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch, бо писараш, Муҳаммад, аз Олмон ихроҷ карда шуд.

Мақомот дар Тоҷикистон ӯро бо гуноҳи тундгароӣ ба 17 сол зиндон маҳкум карда, писарашро ба ихтиёри пайвандон додаанд. Ҳамсар ва як фарзанди Асадулло Бобоев дар Олмон ҳастанд.

Ҳукумати Олмон дар ҷавоб ба ҷиноҳи Ҳизби чап, ки нусхаи онро порлумони ин кишвар рӯзи 27-уми октябр нашр кард, гуфтааст, "дар бораи сабабҳои боздошт ё ҳабси Асадулло Бобоев дар Тоҷикистон ягон маълумот надорад."

Ин дар ҳолест, ки созмони Freedom For Eurasia, қароргоҳаш дар Вена, ҳукми зиндони Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро дар Душанбе ба шиддат танқид карда, хоҳони озодии фаврии ӯ шуд. Лайло Нозгул Саидбек, раҳбари созмон, гуфт, "ҳукми содиршуда нисбат ба Асадулло Бобоев натиҷаи мустақими қарори Олмон аст. Вайро ба кишваре фиристоданд, ки зиндону шиканҷа дар мунтазираш буд."

Олмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст.

Ба маълумоти мақомоти Олмон, то охири моҳи августи соли 2026 12 ҳазору 891 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари аврупоӣ қарор доштанд.

Ҳоло 1074 тоҷикистонӣ вазифдадор шудаанд, ки қаламрави Олмонро тарк кунанд. Ихроҷи маҷбурӣ ба дастикам 152 нафари онҳо таҳдид дорад.

Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд. Олмон дар гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев, намояндагони дигари созмонҳои мухолифи ҳукуматро низ ба Тоҷикистон фиристода буд. Ҷое, ки онҳо бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сохта аз 7 то 10 сол зиндонӣ гаштанд.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро соли 2018 дар Аврупо таъсис доданд. Ҳадафи созмон бунёди як кишвари қудратманду озод ва муосир дар Тоҷикистон гуфта шудааст.