Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки рӯзҳои 6-22-юми феврал дар шаҳрҳои Милан ва Кортина-д’Ампетсои Италия баргузор мешаванд, иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар назар аст. Италия бори чаҳорум дар таърих мизбони чунин мусобиқоти бузург мегардад. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ шаби 6-уми феврал дар варзишгоҳи "Сан-Сиро"-и Милан баргузор мешавад.
Варзишгарон барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки варзишгарони Бенин, Гвинея-Бисау ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии зимистона ширкат меварзанд.
Аммо чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаҳои интихобӣ дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2026 талош карданд, натавонистанд меъёрҳои олимпиро иҷро намоянд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Инчунин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон низ дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ намоянда надорад.
Қазоқистонро дар Олимпиадаи зимистона дар Италия 36 варзишгар (18 мард ва 18 зан) дар риштаҳои биатлон, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, дуҳарбаи лижаронӣ, рақси рӯйи ях, фристайл ва шорт-трек муаррифӣ мекунанд.
Ба ҳайати дастаи Узбекистон се варзишгар дар ду намуд: лижаронии кӯҳӣ (слалом, слаломи бузург) ва шорт-трек (масофаи 500 метр) дохиланд.
Қирғизистонро дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ ду варзишгар дар лижаронии кӯҳӣ (слалом, слаломи бузург) ва пойгаи лижаронӣ (спринт ва пойга ба масофаи 10 км) намояндагӣ хоҳанд кард.
Бояд зикр намуд, ки бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия ширкат варзида буданд. Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.
Намояндагони Тоҷикистон аз соли 2002 дар чаҳор Олимпиадаи зимистона ширкат кардаанд. Се бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ варзишгари русиягӣ Андрей Дригин дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.
Дригин соли 2002 дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар супергигант иштирок дошт, вале ба марра нарасид. Вай соли 2006 дар Олимпиадаи Турини Италия ва соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада низ иштирок дошт, аммо натиҷаҳояш паст буд.
Ба Олимпиадаи соли 2014 дар Сочии Русия ду варзишгари Тоҷикистон – Андрей Дригин ва Алишер Қудратов - роҳхат гирифтанд. Танҳо як нафар – Алишер Қудратов - ба мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом роҳ дода шуд, вале ноком гардид. Дригин вазифаи мураббиро ба ҷо овард.
Алъон дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. Ба назари коршиносони соҳа, база ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад. Инчунин дар ин урдугоҳ барои омода кардани варзишгарони соҳибихтисос шароити зарурӣ мавҷуд нест.