Оҷонси омор: Муҳоҷират коҳиш ёфтааст

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз гуфтани шумораи умумии муҳоҷирон худдорӣ кард, аммо иддао намуд, ки дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 дарсад кам шудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ аз раиси Оҷонси омор пурсид, ки чаро теъдоди муҳоҷирони корӣ гуфта намешавад? Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба ин суол посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, "ин маълумотро бояд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пурсид."

Нурмуҳаммадзода инро ҳам далел овард, ки ифшои ин маълумот метавонад аз сӯйи баъзе расонаҳо нодуруст шарҳ дода шавад. Раиси Оҷонси омор бе овардани далел гуфт, "мисли ману шумо тадқиқотчӣ, саволдеҳ, ба ном мутахассисон ва баҳодиҳандаҳои хориҷӣ бисёранд. Як маълумотро гирифта, чи хеле ба фикри худашон маъқул аст, ҳамон хел дар расонаҳо пешниҳод мекунанд".

Намояндагони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи 13-уми июл аз ифшои омори муҳоҷирон худдорӣ карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли 2025 омори муҳоҷиронро пахш намекунанд. Раиси Оҷонси омор моҳи феврали соли гузашта тасдиқ карда буд, ки шумораи муҳоҷирон ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Мақомот далели инро ҳам шарҳ надоданд.

Бино ба омори расмии ҳукумат, соли 2025 аз Тоҷикистон бештар аз 702 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ва аксаран ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан сад ҳазор нафар камтар аст.

Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.

Солҳои охир дар Русия тафтишу боздошт ва ҳабсу ихроҷи муҳоҷирон афзуда, даҳҳо қонуну қоидаи нав қабул шуд, ки кору зиндагии онҳоро сахту душвор гардонд.

Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch соли 2025 онро "Зиндагӣ дар тарсу таҳқир" номида, аз ҳукумати Русия хост, нагузорад, ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад. Дархосте, ки зоҳиран Маскав нодида гирифтааст.