Оҷонси омор ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро $7,8 млрд гуфт

Марзи Тоҷикистон ва Узбекистон.

Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар додааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 7,8 миллиард доллар баробар шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз ин ҳаҷм зиёда аз 6 миллиарду 23 миллион доллари он ба воридот рост меояд.

Аммо содироти мол дар тиҷорати хориҷӣ 1,8 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба воридот ба таври қобили мулоҳиза кам аст.

Оҷонсии омор мегӯяд, ҳаҷми додугирифт дар соли равон афзоиш ёфтааст, вале дар бораи фарқияти чашмраси содирот нисбат ба воридот чизе нагуфтааст.

Блоки иқтисодии Тоҷикистон тай солҳои соҳибистиқлолии кишвар натавонистааст тавозуни содироту воридотро баробар созад.

Чунин раванд, ки пойбандии бозори дохилиро ба маҳсулоти беруна бештар кардааст, дар гузашта борҳо мавриди интиқодҳо қарор гирифта буд.