Оҷонсӣ: ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон камтар шудааст

Акс аз бойгонӣ

Оҷонсии омори Тоҷикистон аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, давоми се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 6336 ҷиноят сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад камтар мебошад.

Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, имсол куштор ва сӯиқасд ба он 51 дарсад, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18, дуздӣ қариб 4 дарсад, қаллобӣ 4,5 ва авбошӣ 3 дарсад коҳиш ёфтаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар се моҳи аввали имсол содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ низ 3,7 дарсад камтар сабт шудааст.

Аммо дар моҳҳои январ-марти имсол ғоратгарӣ 26 дарсад, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36 ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5 дарсад зиёд шудааст.

Мақомоти қудратӣ ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки сабабҳои кам шудани содиршавии баъзе ҷиноятҳо чист.