32 дарсади оилаҳое, ки дар як назарсанҷии Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон иштирок кардаанд, гуфтаанд, хӯрдани хӯрокро кам карданд. Иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, гуруснагӣ дар қисме аз хонаводаҳо "падидаи воқеии соли 2020 буд".
Дафтари Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 23-юми декабр дар нишасти онлайн гузоришеро дар бораи вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва натиҷаҳои назарсанҷии “Тоҷикистонро мешунавем” муаррифӣ кард. Ин назарсанҷӣ аз соли 2015 ба ин тараф ҳар моҳ дар миёни 1400 хонавода аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ва қишрҳои гуногун доир мешавад.
“ПУЛИ КОФӢ НАДОРАНД”
Алишер Раҷабов, иқтисоддони дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки натиҷаҳои назарсанҷиро муаррифӣ мекард, гуфт: “Шумораи хонаводаҳое, ки гуфтанд, истеъмоли хӯроквориро кам карданд, хеле зиёд шуд. Масалан, ба ҳолати моҳи ноябри соли 2020-ум 32 дарсади оилаҳои пурсидашуда гуфтанд, истеъмоли ғизоро кам карданд. Гуруснагӣ як падидаи рӯшани соли ҷорӣ буд. Дар назарсанҷӣ одамон гуфтанд, барои харидани хӯроки кофӣ пул намерасад ва маҷбур мешаванд, рӯзҳо гуруснагиро таҳаммул кунанд.”
Як манбаи даромади асосии оилаҳо дар Тоҷикистон пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷа аст ва бо оғози пандемия интиқоли пули муҳоҷирон ба шиддат кам шуд. Бино бар натиҷаҳои назарсанҷии Бонки Ҷаҳонӣ, авҷи коҳиши интиқоли пул ба баҳори имсол рост омад.
Дар моҳи апрели 2020 пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба хонаводаҳо якбора 62 дарсад коҳиш ёфтааст. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар тамоми давраи баргузории назарсанҷӣ ин бузургтарин уфти пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст.
Аммо ба мушоҳидаи Бонки Ҷаҳонӣ, моҳҳои баъдӣ, аз ҷумла август пулгузаронии муҳоҷирон ба хонаводаҳо афзоиш ёфта, то ба сатҳи соли 2019 баробар шудааст.
БА МУҲОҶИРОН ЧӢ ШУД?
Алишер Раҷабов гуфт, назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки мушкили гуруснагӣ хусусан моҳи апрел ва майи имсол бузургтар шуд. “Моҳи апрел ва май (авҷи паҳншавии коронавируси нав) хонаводаҳое, ки ба гуруснагӣ мувоҷеҳ шуданд, 6 дарсад афзуд. Моҳи баъде шиддати он каме поин омад, аммо моҳи октябр ва ноябр шумори чунин оилаҳо дубора афзуд”.
"Назардиҳандагон сабаби кам шудани пулгузаронии муҳоҷиронро ба муваққатан бекору бемоаш мондани онҳо рабт медиҳанд, на комилан аз даст додани ҷойи кор”, -- хулоса мекунанд иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ.
Бисёре аз муҳоҷирони корӣ дар авҷи паҳншавии коронавирус бино бар ҷорӣ шудани реҷаи гӯшанишинӣ дар Русия бекор ва бемаош монданд ва табъан натавонистанд ба оилаҳояшон пул фиристанд. Коҳиши интиқолҳои пулии муҳоҷирон, ки муҳаррик ё драйвери иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, ба рушди он беасар намонд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, суръати рушди иқтисод назар ба соли пеш хеле суст шуд.
РУШДИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН: ПОИН Ё БОЛО?
Баҳром Зиёев, иқтисоддони аршади Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, “дар 9 моҳи имсол иқтисоди Тоҷикистон 4,2 дарсад рушд кард. Яъне, суръати рушд назар ба соли пеш хеле суст шуд. Соле пеш иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамин давра 7,2 дарсад рушд дошт.”
Зиёев буҳрони пешовардаи коронавирусро бо бӯҳрони молиявии солҳои 2008-2009 муқоиса кард ва гуфт, эҳтимол зарбаи ин саххтар хоҳад буд. Вай афзуд, зарбаи аз ҳама сахти буҳрон бино бар ҷорӣ шудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва баста шудани марзҳо ба арсаи сайёҳӣ ва хӯроки умумӣ ворид шуд.
Ба ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ шумораи сайёҳон беш аз 60 дарсад ва муштариёни тарабхонаҳо 20 дарсад кам шудаанд. Ин ҳолат ба таври занҷираӣ ба ҷамъоварии андоз ё молиёт низ таъсир доштааст. Кумитаи андоз гуфтааст, ҳамагӣ 53 дарсади нақша, ки аз молиётдиҳандагони калон бояд ситонида мешуд, иҷро шуд. Қарзи андоз дар 9 моҳ 440 миллион сомонӣ афзуда, дар маҷмуъ ба 1 миллиард сомонӣ расидааст.
Ягона манбае, ки дар шароити буҳрон даромади Тоҷикистон аз он афзудааст, фурӯши тилло будааст. Ба гуфтаи иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ, содироти Тоҷикистон бинобар фурӯши ин метал 25 дарсад афзуд, чун нархи тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 25 то 30 дарсад боло рафт.
Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, иқтисоди Тоҷикистон дар шароити буҳрони пешовардаи пандемияи коронавирус рушди “қанотабахш” дошт. Саидмурод Зайниддинзода, мудири Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита чунин гуфт: "Мувофиқи омори фаврӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (рушди иқтисод) 4,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ин қаноатбахш аст. Дар оғози сол мувофиқи дурнамо рушди иқтисод бояд 7,8 дарсад мешуд, аммо дар ин миён пандемияи коронавирус шуд. Бо дастури ҳукумат дурнамои рушдро бозбинӣ кардем ва ҳоло тибқи дурнамои нав рушди иқтисоди кишвар дар анҷоми сол бояд ба 4,7 дарсад расад."
УМЕД БА ВАКСИНА
Поёни буҳрон ва оғози марҳилаи рушд ба пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ танҳо дар сурати дастрас шудани ваксина аз бемории COVID-19 вобаста хоҳад буд. Айни замон Аврупо ва Амрико ба истифода аз ваксинаҳои зидди COVID-19 иҷоза доданд.
Ба пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ, дар сурати дастрас шудани ваксина, рушди иқтисоди Русия ва азсаргирии тиҷорат бо Чин, иқтисоди Тоҷикистон соли оянда 3,5 дарсад метавонад рушд кунад.
Аммо мақомоти Тоҷикистон дар маврид хеле хушбинтаранд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда 7,6 - 7,8 дарсад хоҳад шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Бемории кӯҳна"-и Тоҷикистон, ки дар аҳди коронавирус "авҷ" гирифт. ВИДЕОБонки Миллӣ: "Муҳоҷирони тоҷик 9% камтар пул фиристоданд". Иддае розӣ нестандПанҷ чизи донистанӣ. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 чӣ ҳол дошт? ВИДЕО Ярмарка дар муқобили бозор. Коршинос: "Чораи муваққатист". ВИДЕОРаиси Бонки Миллӣ гуфт, ки чаро нархи маҳсулот дар Тоҷикистон гарон шудАз табдили "рубл"-и тоҷикӣ ба "сомонӣ" 20 сол гузашт. Чӣ дигар шуд?Ҳоҷимуҳаммад Умаров: "Даромадҳои пинҳонӣ ошкор шаванд, Тоҷикистон хоҳад шукуфт"