"Ҳушёр бошед." Огоҳии сафорати Амрико дар бораи сафар ба ВМКБ

Марзбонҳои Тоҷикистон ҳангоми хидмат дар сарҳад бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Сафорати Амрико дар Душанбе эълон кард, ки кормандони ҳукумати ин кишвар муваққатан аз сафар ба минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, бавижа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), манъ шудаанд.

Баёнияи расмии сафорат рӯзи 19-уми август нашр шуд.

Дар он сабаби тасмимро "афзоиши хушунатҳо дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон" тафсир кардаанд.

Намояндагии расмии Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ҳушдорро дар бораи таъсири хушунатҳои Афғонистон ба вазъияти амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ҷиддӣ бигиранд.

Бинои сафорати Амрико дар Душанбе

Сафорат аз шаҳрвандони Амрико хостааст, аз сафар ба ин минтақаҳо худдорӣ варзанд; ҳушёр бошанд; барои дарёфти хабарҳои нав расонаҳои маҳаллиро пайгирӣ ва барномаҳои амниятии худро бозбинӣ кунанд ва санадҳои даркориро бо худ дошта бошанд.

Ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта шоҳиди даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, буд.

Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро маҳкум карда, ба ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ёддошти эътирозӣ фиристоданд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар посух "ибрози таассуфи амиқ" карда, онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донист, аммо аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт.

Инҳоро ҳам бинед:

Ҷумъахон Фотеҳ бо ҳамроҳонаш ба Толибон "таслим шудааст"Таассуфи "амиқ"-и Толибон аз ҳалокати сокини Дарвоз: "Кори фурсатталабон аст". Манобеъ: "Сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд""Аз тири силоҳбадастон." Вокуниши расмӣ ба кушта шудани як зан дар ДарвозҲалокати як зан дар Дарвоз "аз тире, ки аз сӯйи Афғонистон расид"Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд