Нахустин мурофиаи додгоҳии куштори Саломатшо Ғалчаев, сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ, рӯзи 19 июн дар Додгоҳи ҳарбии Хоруғ оғоз шуд.
Ба нақли шоҳидон, дар ин мурофиа айбдоршаванда Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ ва наздикони Саломатшо Ғалчаев ҳузур доштанд.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз шоҳидон, ки дар вақти муноқишаву куштор ҳамроҳи афсари милиса Ивазмад Қодиров дар ҷои ҳодиса будааст, ба мурофиа ҳозир нашуд ва бинобар ҳамин, муҳокима ба вақти дигар гузошта шуд.
"Ин мурофиа ошноӣ бо парванда буд ва шарҳ дода шуд, ки дар вақти рух додани муноқиша ҳамроҳи афсари милиса ду нафари дигар низ буданд ва яке аз онҳо дар ҳамон рӯзи ҳодиса билети ҳавопаймо дошта, ба Маскав парвоз кардаааст. Мақомоти додгоҳӣ барои ширкати ӯ даъватнома фиристода, рӯзи мурофиаро ба сешанбеи ҳафтаи дигар гузошт",-афзуд бародари Саломатшо Ғалчаев.
Дар ин парванда Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тибқи моддаи 104, қисми яки Кодекси ҷиноӣ ба иттиҳоми "одамкушӣ", муҳокима мешавад. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ барои айбдоршаванда аз 8 то 15 сол зиндон пешбинӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир мавқеи фарди муттаҳам ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Додгоҳи ҳарбии Хоруғ дар робита ба ин қазия ба зангҳои мо посух надод.
Дар ҳоли ҳозир Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ қарор дорад.
Ҳодиса шаби 17-уми март дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ рӯй дод. Дар ҳоле ки мақомот тафсилот намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро гуё бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.