Оғози даври нави музокирот барои поёни ҷанг дар Украина

Рустам Умаров ва Стив Виткоф дар музокирот дар Абу-Дабӣ 23 январи соли 2026

Даври нави музокироти Амрико ва Украина дар шаҳри Майамии аёлати Флорида оғоз шуд. Музокирот шанбеи 21-уми март шуруъ шуда, қарор аст рӯзи якшанбе ҳам идома кунад. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский хабар додааст.

Амрикоро дар ин нишаст Стив Виткофф, фиристодаи вижаи перезидент ва Ҷеред Кушнер, мушовиру домоди раисҷумҳур Доналд Трамп намояндагӣ мекунанд. Аз тарафи Украина Рустам Умаров, котиби Шӯрои амният ва Кирилл Буданов, раиси дафтари президент дар ин гуфтугуҳо ширкат доранд.

Ҳафтаи гузашта ҳайати амрикоӣ бо намояндагони Русия бар сари хатми ҷанг дар Украина гуфтугӯ карда буданд.

Нашрияи Politico менависад, Кирилл Дмитриев, намояндаи президенти Русия дар вохӯрӣ бо намояндагони Амрико эътироф кардааст, ки Маскав дар ҷанги ахир бо додани маълумотҳои истихборотӣ ба Эрон кумак мекунад.

Ба навиштаи ин нашрия, намояндаи Русия гуфтааст, додани маълумот ба Эронро бас мекунанд, агар ИМА ирсоли маълумотҳои истихборотиро ба Украина қатъ кунад. Politico менависад, пешниҳоди намояндаи Русия рад шудааст. Худи Дмитриев ин хабарро рад кард.

Рӯзи 19-уми март Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, музокироти Маскав, Киев ва Вашингтон барои поёни ҷанг дар Украина ба хотири ҷанг дар Эрон "боздошта шудааст".