Оби Зарафшон кам мешавад, таъсираш ба Тоҷикистону Узбекистон чист?

Наврӯз Ҷӯрабекзода мегӯяд, агар барфҳои мавсимӣ дар оғози фасли тобистон аз байн раванд, обшавии пиряхҳо бештар мегардад

Мушоҳидаи мутахассисон дар моҳи июл нишон додааст, ки дар ҳавзаи Зарафшон, як дарёи бузурги Тоҷикистон, барфҳои мавсимӣ тақрибан об шудаанд. Ин танҳо як падидаи табиӣ нест, балки пайомадҳое дорад, ки сабаби ранҷ кашидани мардуми одӣ дар ҳавзаи ин дарё мешавад. Аз оби дарёи Зарафшон ҳам мардуми Тоҷикистон ва мардуми Узбекистон истифода мекунанд.

Аз як сӯ гармӣ, аз сӯи дигар гарду ғубор

“Ин барои захираи об бисёр бад аст. Агар барфҳои мавсимӣ дар оғози фасли тобистон аз байн раванд, аллакай обшавии пиряхҳо бештар мегардад. Аз байн рафтани барфҳои мавсимӣ дар оянда метавонад, ба ҷоришавии обҳо таъсири манфӣ гузорад,” – гуфт Наврӯз Ҷӯрабекзода, сардори Маркази яхшиносӣ дар Идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Даврони истифодаи беназорати захираҳои обе, ки аз ҷониби табиат ва Офаридгор ба мо ато шудааст, гузашт.
Абдураҳмон Ғаниев, муҳандис

Оқибати бади дигар, ба гуфтаи мутахассис, дар фасли гармо беоб мондани мардуми деҳотест, ки дар канори шохаҳои хурду миёнаи рӯдхонаҳои бузург мисли Зарафшон зиндагӣ мекунанд.

Наврӯз Ҷӯрабекзода афзуд: “Сарчашмаи бештари дарёчаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барфҳои мавсимӣ ҳастанд. Ҳарчи барфҳои мавсимӣ зудтар аз байн раванд, дарёчаҳое, ки минтақаҳои аҳолинишинро бо оби ошомиданӣ ё обҳои киштзор таъмин мекунанд, низ аз байн хоҳанд рафт.”

Ҳарчанд имсол 95 дар сади захираҳои барфи мавсимии баъзе аз қисматҳои ҳавзаи Зарафшон об шудаанд, дар муқоиса ба солҳои пешин аҳвол беҳтар будааст. Дар солҳои гузашта то 97 ва ё 98 дар сади ин захираҳо обу бухор мешудаанд.

Сабаб, ба гуфтаи мутахассис, Наврӯз Ҷӯрабекзода, гармоиши курраи Замин аст: “Солҳои охир на танҳо дар Тоҷикистон, балки ҷаҳон тағйирёбии иқлим мушоҳида мегардад. Таъсири он ба Тоҷикистон бевосита мерасад. Аз байн рафтани захираҳои барф агар аз як тараф натиҷаи нури офтоб, яъне гармӣ бошад, аз тарафи дигар ин гарду ғуборест, ки аз кишварҳои дигар ба ватани азизи мо ворид мешаванд. Онҳо бевосита ба обшавии барфҳои мавсимӣ таъсир мерасонанд. Суръати обшавии барфҳоро даҳҳо маротиба меафзоянд."

Инро ҳам бинед:

"Об мерасад, вале на ба ҳама." Ҳаёти деҳқонони тоҷик дар соҳили дарёи Сир

"Агар намехоҳед набераҳо ва аберагони худро бе об гузоред..."

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, барои мудирияти захираҳои об дар ҳавзаи Зарафшон қасд доранд, якҷо бо Узбекистон ду нерӯгоҳи бузург бисозанд. Яке бо иқтидори 140 мегават бо номи “Ёвон” ва дигарӣ бо иқтидори 135 мегават бо номи “Фондарё”. Аммо маълум нест, ин тарҳҳо амалӣ мешаванд ё не.

Тоҷикистон саргаҳи рӯдхонаҳои асосӣ ва бештар аз 60 дар сади захираи оби Осиёи Марказӣ, як гӯшаи хушки курраи Замин ва хонаи бештар аз 85 миллион нафар аст. Даҳҳо миллион нафари онҳо ва киштзорҳои азими зироатҳои Узбекистону Қазоқистону Туркманистон аз ҳамон обҳои кӯҳсорони Тоҷикистон баҳра мебаранд.

Мутахассисон мегӯянд, агар обшавии босуръати барфу пиряхҳо ба ҳамин минвол идома кунад, хатари беоб мондани наслҳои оянда дар саросари Осиёи Марказӣ зиёдтар мешавад.

“Даврони истифодаи беназорати захираҳои обе, ки аз ҷониби табиат ва Офаридгор ба мо ато шудааст, гузашт. Ҳамчун инсон ва мутахассиси соҳа гуфтаниам: “Ҳамсояҳои муҳтарам! Агар намехоҳед фарзандону набераҳо ва аберагони худро бе об гузоред, аз имрӯз ба истифодаи сарфаҷӯёнаи об бигзаред,” – хулоса кард муҳандис Абдураҳмон Ғаниев.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҷрои оби Зарафшон камтар мешавад?