Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҷустуҷӯи пайкар ё ҷасади Орифа Мирзонаботзода, духтари раиси пешини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар дарёи Панҷ идома дорад.
Мақомот гуфтанд, беш аз 200 наҷотдиҳанда дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддини Шоҳин ва минтақаи Кӯлоб ҷасади Орифаи 2-соларо ҷустуҷӯ доранд.
Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, гилолуд будани об ва ҳам ҷараёни тези дарё корҳои ҷустуҷӯиро мушкил кардааст.
"Мо аз дрон (паҳпод)-ҳои зериобӣ истифода мекунем, вале мутаассифона об гилолуд аст, лойи зиёд дорад, мавзеъҳои душворгузар дорад, қаъри об ноаён аст", - афзуд сухангӯи Кумита.
Ба гуфтаи Ориф Нозимиён, баландшавии сатҳи дарё дар мавзеъҳое, ки дарахту буттаҳо дорад мушоҳида мешавад ва барои ҳамин дар ҳамоҳангӣ бо кормандони идораи ҷангал ҷустуҷӯро давом медиҳанд.
Орифа Мирзонаботзода, духтари дусолаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар канори волидону ду ҳамкори падараш рӯзи 17 июн ба об афтид. То имрӯз ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш Амина Амонуллоева, инчунин ронандаи раиси вилоят Сино Муборакшоев ва ёвараш Садоншо Ҷанобилшо пайдо шудаанд.