Рӯзномаи маъруфи “Новая Газета” дар Русия эълон кард, ки корашро рӯзи 9-уми ноябри имсол бас мекунад.
“Дар тақрибан панҷ соли ҷанг дар ҳоле ба кор идома додем, ки нерӯҳои амниятӣ моро пурра дар муҳосира гирифта буданд. Акнун ҳама чиз ба охир расид... Онҳо моро нобуд карданд,” – навиштаанд муҳаррирони нашрия рӯзи 30-юми октябр дар шабакаи Телеграм.
Ин нашрия пас аз ҳамлаи густaрдаи Русия ба Украина дар соли 2022 ва дар пайи чанд ҳушдори ниҳоди давлатии нозир барои идомаи фаъолият мубориза мебурд. “Мо ба мисли ҳамаи рӯзноманигорони дигар аз имкони гузориш додан дар бораи муҳимтарин ва фоҷиабортарин рӯйдодҳои замони худ маҳрум шудем," – навиштаанд масъулони “Новая Газета”.
Баъзе аз кормандони “Новая Газета” соли 2024 бахши аврупоии онро таъсис доданд, ки дар Порис (Париж) ҷойгир буда, аз пуштибонии созмони Гузоришгарони Бидуни Марз баҳраманд аст.
Мақомоти Русия ба саркӯби рӯзафзуни расонаҳои мустақил, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигарон муттаҳам мешаванд. Барои ин аз қонуни ба истилоҳ “агентҳои хориҷӣ” истифода мекунанд.
“Новая Газета” дар аввали солҳои 1990-ум таъсис ёфта, бахше аз маблағгузории онро раҳбари Шӯравии собиқ Михаил Горбачёв таъмин мекард. Рӯзнома ба ҷойи пайравӣ аз нашрияҳои суннатӣ ва ҳангомаҷӯ, гузоришҳои ҷиддиву муфассал ва таҳқиқотӣ нашр мекард.
Анна Политковская, ки дар бораи ҷанги Чеченистон ва ҳукумати саркӯбгари он мақола менавишт, яке аз хабарнигорони номдори рӯзнома буд. Вай моҳи октябри соли 2006 дар назди хонааш дар Маскав бо зарби тир кушта шуд.
Хабарнигори дигари рӯзнома, Юрий Шекочихин, ки фасод дар артиш ва таркишҳои мармузи биноҳои истиқоматиро дар Маскав дар соли 1999 таҳқиқ мекард, моҳи июли соли 2003, чанд рӯз пеш аз сафари барномарезишудааш ба Амрико, ногаҳон даргузашт. Ҳамкорон ва афроди дигар гуфтаанд, ки эҳтимол ӯро заҳролуд карда буданд.
Игор Домников, Стас Маркелов, Анастасия Бабурова ва Наталя Эстемирова аз ҷумлаи хабарнигорон ва ҳамкорони дигари рӯзнома буданд, ки “барои иҷрои вазифаи касбӣ ва шаҳрвандии худ” кушта шуданд.
Дмитрий Муратов, сардабири рӯзнома, барои талошҳояш ҷиҳати идомаи нашри он дар шароити саркӯбгари расонаӣ дар дохили Русия, соли 2021 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Ба гуфтаи Кумитаи Нобели Норвегия, ӯ бо вуҷуди куштору таҳдидҳо “аз сиёсати мустақили рӯзнома даст накашид”.