Хабарнигорони бахши русиии "Би-би-си" ва "Медиазона" номи беш аз 216 ҳазор низомии Русияро маълум кардаанд, ки дар ҷанг зидди Украина кушта шудаанд.
Хабарнигорон танҳо давоми ду ҳафтаи ахир номи зиёда аз 4600 низомии кушташудаи Русияро аниқ кардаанд.
Дар таҳқиқоти журналистӣ омадааст, талафоти воқеии Русия дар ҷанг метавонад бештар аз ин бошад. Рӯзноманигорон ба хулосае омадаанд, ки ҳудуди 40 дарсад аз кушташудагон онҳое ҳастанд, ки баъди оғози ҷанг бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд. Бештари онҳо сокинони шаҳрҳои хурд ва рустоҳо будаанд.
Русия талафоти низомиёнаш дар ҷанг зидди Украинаро фош намекунад.
Коршиносони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳқиқи қабристонҳои Русия, бойгонии низомиён ва хабару эълонҳо танҳо аз 45 то 65 дарсади қурбониёни воқеиро фаро мегирад. Дар бораи на ҳамаи сарбозони кушташуда ошкоро хабар дода мешавад.