Нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон. Туркманистон, 8-уми октябри 2026

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки ҳамвора ба поймоли ҳуқуқи одамон ва маҳдуд кардани озодии баён танқид мешаванд, рӯзи 8-уми октябр дар Туркманистон ҷамъ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин нишаст бештар ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду саноат ва рушди энержии сабз таъкид кардааст.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ зарфияти фаровон доранд, аммо “бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, зербунёдӣ ва содда кардани расмиёт зарур аст.”

Таҳлилгароне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, мегӯянд, барои коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз Русия маҳз эҷоди роҳҳои алтернативии ҳамлу нақл муҳим аст.

Дар зимн, ин андеша ба ташаббусҳои маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп ҳам дар робита бо ин кишварҳо муносиб аст.

Барномаи пешниҳодии ӯ бо номи TRIPP бунёди долони нақлиётиеро тавассути Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Арманистон ба самти Ховари Миёнаву Аврупо дар назар дорад.

Ҳоло маълум нест, ин тарҳ кай ба марҳилаи иҷро мерасад, аммо интизор меравад на дертар аз соли 2027 бояд тарҳи он омода шавад.