Нишасти ҳайатҳои Русия ва Амрико дар Истанбул оғоз ёфт

Акс аз бойгонӣ

Нишасти машваратӣ миёни ҳайатҳои Русия ва Амрико рӯзи 10-уми апрел дар Истанбул оғоз ёфт.

Вазорати корҳои хориҷии ҳарду кишвар пештар хабар дода буданд, ки дар ин баҳс ба "эътидол овардани кори намояндагиҳои дипломатӣ" дар Маскав ва Вашингтон мавзӯи асосист.

Музокирот дар консулгарии генералии Русия дар Истанбул мегузарад.

Ҳайати Русияро сафири ин кишвар дар Вашингтон Александр Дарчиев ва ҳайати Амрикоро муовини ёвари котиби давлатӣ дар умури Аврупо ва АвруОсиё Соната Коултер раҳбарӣ доранд.

Ин даври дуюми машваратҳо дар Истанбул аст. Даври аввал дар охири моҳи феврали имсол дар консулгарии генералии Амрико баргузор шуда буд.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 9-уми апрел гуфт, ки "Украина дар барномаи нишаст нест".

Вай афзуд, дипломатҳо фақат ба масъалаи "барқарор кардани кори муътадили сафоратҳо таваҷҷуҳ мекунанд"

Кори сафоратҳои Амрико ва Русия дар хоки ҳамдигар дар солҳои охир пас аз рондани дипломатҳо ва маҳдудиятҳои гуногун ба таври чашмрас маҳдуд шудааст.