Аввалин ҳолати мубтало ба ин беморӣ берун аз қитъаи Африқо дар Шветсия сабт шуд. Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод, ки шахси бемор дар вақти сафар ба Африко гирифтори бемории обилаи маймун шудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки ба эҳтимоли зиёд рӯзҳои наздик ҳолатҳои нави гирифторӣ ба обилаи маймун дар Аврупо сабт шавад.
Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз он нигаронӣ доранд, ки намуди нави обилаи маймун аз навъҳои қаблии ин беморӣ хатарноктар аст.
Аз оғози имсол дар кишварии африқоии Конго беш аз 14 ҳазор бемори гирифторӣ обилаи маймун сабт шуданд, ки 524 нафарашон аз ин беморӣ фавтиданд. Ба ғайр аз Конго, ин беморӣ дар Африқои Ҷанубӣ, Кения, Руанда ва чанд кишвари дигари африқоӣ сабт шудааст.
Бемории сурхакони маймун даҳҳо сол боз дар Африқо вуҷуд дошт, аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ин беморӣ берун аз ин қитъа паҳн мешавад.
Нишонаҳои сурхакони маймун таби баланду дарди сар, ларза ва обилаҳои рӯйи пӯсти бадан ва дохили даҳон будааст. Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, дар кишвар шахсони мубтало ба ин беморӣ сабт нашудаанд.