Нетаняҳу мехоҳад ҳаҷми ёриҳои молии Амрикоро "ба сифр" расонад

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, мехоҳад «ҳаҷми ёриҳои молии Амрикоро ба сифр баробар кунад».

Нетаняҳу, ки рӯзи 10 май бо CBS News сӯҳбат мекард, ба саволи хабарнигор дар бораи ин ки шояд Исроил бояд масъалаи муносибатҳои молиаш бо ИМА-ро бозбинӣ кунад, аз ҷумла гуфт:

«Бешубҳа. Ман дар ин бора ба президент Трамп ҳам гуфта будам. Ман инро ба мардуми худи мо ҳам гуфта будам. Ман мехоҳам ёриҳои молии амрикоӣ, ёриҳои молии ҳамкориҳои ҳарбии моро ба сифр расонам. Мо соле 3,8 миллиард доллар дарёфт мекунем ва ба бовари ман, мо бояд аз ёриҳои боқимондаи ҳарбӣ даст кашем».

Нетаняҳу пешниҳод кардааст, ки коҳиши дастгирии молии ИМА «ҳамин ҳоло» шурӯъ шуда, дар давоми даҳ соли баъдӣ пурра хотима дода шавад.

CBS мегӯяд, ин изҳорот дар пасманзари кам шудани пуштибонии Исроил дар чашми мардуми Амрико садо дод. Ба иттилои маркази назарсанҷии Pew, 60% пурсидашудаҳо дар ИМА нисбат ба Исроил назари манфии худро баён кардаанд ва ин 20% бештар назар ба чор соли пеш будааст. CBS менависад, яке аз сабабҳои поинравии маҳбубияти Исроил дар назарпурсиҳои Амрико ҷанг дар Навори Ғазза мебошад.

Bloomberg менависад, дар доираи як созишномаи даҳсолаи ҳамкорӣ, ИМА ба Исроил соле дар ҳаҷми 3,8 миллиард доллар ёриҳо мерасонад ва ин санад то соли 2028 эътибор дорад.

Дар як гузориши хадамоти таҳқиқоти Конгресс омадааст, ки Исроил баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дарёфткунандаи азимтарини ёриҳои ИМА ба шумор меравад. То имрӯз ИМА ба Исроил (бе назардошти таваррум) барои тақвияти иқтисод ва қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳаҷми 174 миллиард доллар ёрӣ расонидааст.

Дар матни ин гузориш, аз ҷумла, омадааст: «Дар давоми ду даҳсолаи гузашта, аз ҷумла, дар давраи низои идомаёбандаи Исроил алайҳи ҲАМОС, муносибати ҷомеаи Амрико ба Исроил, ки дар пурсишҳои афкори умум инъикос шудааст, назар ба давраҳои гузашта каме дигар шудааст. Бо вуҷуди ин ки қонунгузорон мисли гузашта ба тарафдоӣ аз ёриҳои ИМА ба Исроил овоз медиҳанд, баъзе гурӯҳҳои идеологии сиёсӣ ба бозбинии муносибатҳои деринаи байни ИМА ва Исроил дар робита бо расонидани ёриҳо даъват мекунанд».

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Трамп: Амрико ва Эрон ба созиш "бисёр наздик" шудаандВокунишҳои байнулмилалӣ ба оташбас миёни Амрико ва Эрон"Оинномаи Румро вайрон кард". Қарори Додгоҳи Гаага дар бораи Тоҷикистон